https://sputnik.tj/20210625/juziyot-muloqot-jabborov-rahmon-1040435109.html
Ҷузъиёти мулоқоти Ҷабборов ва Раҳмон маълум шуд
Ҷузъиёти мулоқоти Ҷабборов ва Раҳмон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон маълумоти навро дар бораи мулоқоти Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон нашр кард
2021-06-25T09:00+0500
2021-06-25T09:00+0500
2021-06-25T09:00+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
қирғизистон
содир ҷабборов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032608659_0:87:2117:1278_1920x0_80_0_0_a079918f79fee778e94b9317e120333c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Пас аз гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, санаи сафари Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҷумҳурӣ дақиқ шуд. Маълум шуд, ки ӯ рӯзи 28 июн барои гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд.Ин маълумот аз эълони сабти номи расонаҳо ба даст омадааст. Сипас паёми расмиро хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон интишор кард. Маълумоти қаблан эълоншуда пурра тасдиқ карда шуд, аммо тафсилоти дигар ба ин илова карда шуд. "Ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард", - гуфтааст маъмурияти президенти Қирғизистон.Инчунин маълум шуд, ки қабл аз сафар ба Тоҷикистон, Ҷапаров аз Туркманистон дидан карда, дар он ҷо бо президент Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуда, масъалаҳои тиҷоративу ҳамкориро баррасӣ мекунад. Қаблан пас аз муноқишаи марзӣ 30 апрел зимни гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буд.Гуфта мешуд, даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуда, муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20210607/bishkek-hostor-taqviyat-marz-tojikiston-afghoniston-1040064022.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0c/1032608659_19:0:1902:1412_1920x0_80_0_0_e5eb777e978fe3082344a486b8e614c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷузъиёт, мулоқот, ҷабборов, раҳмон
ҷузъиёт, мулоқот, ҷабборов, раҳмон
Ҷузъиёти мулоқоти Ҷабборов ва Раҳмон маълум шуд
Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон маълумоти навро дар бораи мулоқоти Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон нашр кард
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Пас аз гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, санаи сафари Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҷумҳурӣ дақиқ шуд.
Маълум шуд, ки ӯ рӯзи 28 июн барои гуфтушунид бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе меояд.
Ин маълумот аз эълони сабти номи расонаҳо ба даст омадааст.
Сипас паёми расмиро хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон интишор кард. Маълумоти қаблан эълоншуда пурра тасдиқ карда шуд, аммо тафсилоти дигар ба ин илова карда шуд.
"Ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард", - гуфтааст маъмурияти президенти Қирғизистон.
Инчунин маълум шуд, ки қабл аз сафар ба Тоҷикистон, Ҷапаров аз Туркманистон дидан карда, дар он ҷо бо президент Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуда, масъалаҳои тиҷоративу ҳамкориро баррасӣ мекунад.
Қаблан пас аз муноқишаи марзӣ 30 апрел зимни гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буд.
Гуфта мешуд, даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуда, муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешаванд.