https://sputnik.tj/20210625/hatlon-tojikon-javonon-1040450410.html
Дар Хатлон беҳтарин донандагони "Тоҷикон"-ро аз миёни ҷавонон муайян карданд
Дар Хатлон беҳтарин донандагони "Тоҷикон"-ро аз миёни ҷавонон муайян карданд
Sputnik Тоҷикистон
Озмун бо мақсади таҳким бахшидани донишу малакаи хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ чунин озмунҳо ташкил ва гузаронида... 25.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-25T20:00+0500
2021-06-25T20:00+0500
2021-06-25T21:17+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
маориф
озмун
китобхонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/05/1032401920_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_0deafea5f5106a13baf3a00fef2d55f4.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Хатлон беҳтарин донандагони "Тоҷикон"-ро аз миёни ҷавонон муайян карданд, гузориш медиҳад "Ховар".Бино бар иттилои манбаъ, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, даври сеюми маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ" миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид.Дар озмуни мазкур беш аз 25 нафар иштирок намудаанд.Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷойи якум Мунира Бобоева аз шаҳри Кӯлоб, ба ҷойи дуюм Саёҳат Назарова аз ноҳияи Восеъ ва ба ҷойи сеюм Тоиршои Қадамшо аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шарафёб гардиданд. Миёни донишҷӯён ҷойи аввалро Шарифхон Азизӣ аз шаҳри Бохтар, ҷойи дуюмро Муборакшоҳ Юсуфов аз ноҳияи Данғара ва ҷойи сеюмро Шаҳноза Шарифова аз ноҳияи Ҷайҳун сазовор шудаанд.Мақсад аз баргузории озмун таҳким бахшидани донишу малакаи хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ чунин озмунҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.Дар интиҳо ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ мушарраф гардиданд.Ёдовар мешавем, ки ғолибони озмуни мазкур барои ширкат дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат дарёфт намуданд.
https://sputnik.tj/20210410/taqdimi-kitobi-tojikon-ba-3000-honavodai-nohiyai-sangvor--1035245143.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/05/1032401920_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_358aa876a8a8c420c5ff70ee6a44647f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, маориф, озмун, китобхонӣ
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, маориф, озмун, китобхонӣ
Дар Хатлон беҳтарин донандагони "Тоҷикон"-ро аз миёни ҷавонон муайян карданд
20:00 25.06.2021 (Навсозишуда: 21:17 25.06.2021) Озмун бо мақсади таҳким бахшидани донишу малакаи хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ чунин озмунҳо ташкил ва гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Хатлон беҳтарин донандагони "Тоҷикон"-ро аз миёни ҷавонон муайян карданд, гузориш медиҳад "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, даври сеюми маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ" миёни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид.
Дар озмуни мазкур беш аз 25 нафар иштирок намудаанд.
Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҷойи якум Мунира Бобоева аз шаҳри Кӯлоб, ба ҷойи дуюм Саёҳат Назарова аз ноҳияи Восеъ ва ба ҷойи сеюм Тоиршои Қадамшо аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шарафёб гардиданд.
Миёни донишҷӯён ҷойи аввалро Шарифхон Азизӣ аз шаҳри Бохтар, ҷойи дуюмро Муборакшоҳ Юсуфов аз ноҳияи Данғара ва ҷойи сеюмро Шаҳноза Шарифова аз ноҳияи Ҷайҳун сазовор шудаанд.
Мақсад аз баргузории озмун таҳким бахшидани донишу малакаи хонандагони макотиби олӣ ва миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардида, минбаъд низ чунин озмунҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Дар интиҳо ғолибони озмун аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ мушарраф гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони озмуни мазкур барои ширкат дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат дарёфт намуданд.