https://sputnik.tj/20210625/emomali-rahmon-zeri-5-qonun-imzo-guzosht-1040452164.html
Эмомалӣ Раҳмон зери 5 қонун имзо гузошт
Эмомалӣ Раҳмон зери 5 қонун имзо гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Қонунҳое, ки кишвардори Тоҷикистон имзо гузошт, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, рушди соҳаи илм ва беҳбуди зиндагии мардумро дарбар мегиранд
2021-06-25T18:07+0500
2021-06-25T18:07+0500
2021-06-25T18:16+0500
эмомалӣ раҳмон
қонунҳо
имзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039088682_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_cd58da31189bbf9ae2607c40f0bb269a.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як қатор қонунҳои қабулшуда аз ҷониби парлумонро имрӯз имзо кард.Тибқи иттилои котиботи президент, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зери қонунҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” имзо гузошт.Ҳамзамон, роҳбари давлат, ба қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” имзо гузоштааст.Ба иттилои манбаъ, Қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии соҳаҳои номбурдаро танзим намуда, барои рушду густариши онҳо заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.Тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридгардида ба такмили сохтори мақомоти дахлдори давлатӣ, пешрафти фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа нигаронда шудааст, таъкид кардааст котиботи президент.Зикр мегардад, қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудааст.
https://sputnik.tj/20210418/rahmon-agar-malumoti-durugh-dihand-az-maqom-barkanor-meshavand-1038561864.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039088682_33:0:2764:2048_1920x0_80_0_0_d1fa6fdfdb4f0a15ec28455afbb598ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон қонун имзо
эмомалӣ раҳмон қонун имзо
Эмомалӣ Раҳмон зери 5 қонун имзо гузошт
18:07 25.06.2021 (Навсозишуда: 18:16 25.06.2021) Қонунҳое, ки кишвардори Тоҷикистон имзо гузошт, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, рушди соҳаи илм ва беҳбуди зиндагии мардумро дар бар мегиранд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як қатор қонунҳои қабулшуда аз ҷониби парлумонро имрӯз имзо кард.
Тибқи иттилои котиботи президент, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зери қонунҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” имзо гузошт.
Ҳамзамон, роҳбари давлат, ба қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” имзо гузоштааст.
Ба иттилои манбаъ, Қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии соҳаҳои номбурдаро танзим намуда, барои рушду густариши онҳо заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.
Тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридгардида ба такмили сохтори мақомоти дахлдори давлатӣ, пешрафти фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа нигаронда шудааст, таъкид кардааст котиботи президент.
Зикр мегардад, қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудааст.