https://sputnik.tj/20210625/ahmadzoda-raison-shahru-nohiya-toshkand-safar-1040450968.html
Аҳмадзода раисони шаҳру ноҳияҳоро ба Тошканд бурд: мақсади сафар дар чист?
Аҳмадзода раисони шаҳру ноҳияҳоро ба Тошканд бурд: мақсади сафар дар чист?
Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба сафар кардаанд
2021-06-25T21:00+0500
2021-06-25T21:00+0500
2021-06-25T21:05+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038879696_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_266246396e86b06dd957fd74f1142d98.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Музаффар Юнусоф, сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд, бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сафари Аҳмадзода ба Тошканд 24 июн оғоз шуда, қарор аст ду рӯз идома ёбад. Аҳмадзодаро, Шарифзода, Давлатзода ва Нуъмонзода, раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров ва Спитамен ва инчунин роҳбарони идораҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамроҳӣ мекунанд. Сафари раисони Суғд ба Тошканд баъд аз 15 рӯзи сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат мегирад. Рӯзи 10 июн кишвардори Ӯзбекистон бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон сафар кард ва аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд боздид намуд. Дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд, Мирзиёевро худи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт. Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон музокироти сатҳи олӣ баргузор карда, ҳамчунин 9 санади нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, аз иқтисод то фарҳангу амниятро имзо карданд. Алҳол теъдоди корхонаҳои муштарак бо Ӯзбекистон тайи се соли ахир 8 маротиба афзуда, ба 200 адад расидааст. Яке аз ин корхонаҳои муштарак, ки дар Душанбе ба тавлиди электроникаи маишӣ машғул аст, "Артел Авесто Электроникс" буда, муваффақтарини ширкатҳои муштараки ду кишвар ба шумор меояд. Ҳаҷми гардиши мол тайи шаш соли охир миёни ин ду ҳамсоякишвар сӣ баробар афзуда, ба 500 миллион доллар расидааст.
https://sputnik.tj/20210611/tojikiston-mehohad-qolinhoi-qayroqum---ro-ba-uzbekiston-furushad-1040156809.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/15/1038879696_131:0:1268:853_1920x0_80_0_0_e47b8bd98a0da3e97ea0259f67fcc7c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадзода тошканд сафар
Аҳмадзода раисони шаҳру ноҳияҳоро ба Тошканд бурд: мақсади сафар дар чист?
21:00 25.06.2021 (Навсозишуда: 21:05 25.06.2021) Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сафар кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Музаффар Юнусоф, сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд, бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сафари Аҳмадзода ба Тошканд 24 июн оғоз шуда, қарор аст ду рӯз идома ёбад.
Аҳмадзодаро, Шарифзода, Давлатзода ва Нуъмонзода, раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров ва Спитамен ва инчунин роҳбарони идораҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамроҳӣ мекунанд.
“Қарор аст, имрӯз дар Тошканд мулоқоти раисони Суғд бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ва саноати Ӯзбекистон баргузор гардад. Дар доираи ин сафар ҷонибҳо дар бораи беҳтар намудани парвариши пахта ва коркарди он, рушди ҳамкорӣ дар бахши саноат табодули таҷриба мекунанд”, - гуфт Юнусов.
Сафари раисони Суғд ба Тошканд баъд аз 15 рӯзи сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Рӯзи 10 июн кишвардори Ӯзбекистон бо як сафари дурӯза ба Тоҷикистон сафар кард ва аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд боздид намуд. Дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд, Мирзиёевро худи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон музокироти сатҳи олӣ баргузор карда, ҳамчунин 9 санади нави ҳамкориро дар соҳаҳои мухталиф, аз иқтисод то фарҳангу амниятро имзо карданд.
Алҳол теъдоди корхонаҳои муштарак бо Ӯзбекистон тайи се соли ахир 8 маротиба афзуда, ба 200 адад расидааст.
Яке аз ин корхонаҳои муштарак, ки дар Душанбе ба тавлиди электроникаи маишӣ машғул аст, "Артел Авесто Электроникс" буда, муваффақтарини ширкатҳои муштараки ду кишвар ба шумор меояд. Ҳаҷми гардиши мол тайи шаш соли охир миёни ин ду ҳамсоякишвар сӣ баробар афзуда, ба 500 миллион доллар расидааст.