54 ҳунарманди Русия озими Душанбе мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека Таджикистана
Национальная библиотека Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Фардо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Русия дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангӣ баргузор кард.
Котиботи вазорати фарҳанг менависад, рӯзи 24 июн як ҳайати ҳунармандон ибораи аз 54 нафар озими шаҳри Душанбе мегарданд.
Дар рӯзи баъдӣ дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи ин рӯзҳо баргузор мешавад.
Ансамбль народного танца Воронежские девчата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон
Интизор меравад, дар ин рӯз ҳунармандони Русия аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намоянд.
Манбаъ меафзояд, субҳи рӯзи 26 июн ҳайати ҳунарии Рӯзҳо ба шаҳрҳои Норак ва дағара сафар мекунанд. Дар ноҳияи Данғара консерти Театри давлатии академии рақсии "Гжел"-и шаҳри Москва доир мегардад. Баъд аз анҷоми барномаи ҳунарӣ бозгашти меҳмонон ба шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Зимнан, рӯзи 27 июн ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи "Ирам", маҷмааи "Кохи Наврӯз" дидан мекунанд.
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июн ба анҷом мерасад ва гусели меҳмонон тибқи хатсайр сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0