Ҳарифони тими футболи бонувони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё - 2020 маълум шуд

© Pixabay Женский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Обуна шудан
Тими футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо дастаҳои Ветнам, Молдив ва Афғонистон бозӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар Куала Лумпур қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни мунтахабҳои бонувон сурат гирифт, менависад Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ин марҳила 28 даста дар ҳашт гурӯҳ ширкат мекунанд.
Тими футболи бонувони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Ветнам, Малдив ва Афғонистон бозӣ хоҳад кард.
Матч между сборными Таджикистана и Монголии по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Футбол: ғолибони бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон муайян шуданд
Бозиҳои ин гурӯҳ 13-25 сентябр дар шаҳри Душанбе доир мешаванд.
Ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 20 январ то 6 феврал дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони 8 гурӯҳ роҳхат мегиранд.
Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2018 – Ҷопон, Австралия ва Чин аз марҳилаи интихобӣ озоданд ва мустақим дар марҳилаи финалӣ бозӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0