https://sputnik.tj/20210624/furudgohho-tojikiston-tayyorahoi-mushkil-1040411426.html
Фурудгоҳҳои Тоҷикистон бо тайёраҳои калонҳаҷм чӣ мушкил доранд?
Фурудгоҳҳои Тоҷикистон бо тайёраҳои калонҳаҷм чӣ мушкил доранд?
Sputnik Тоҷикистон
Чаро фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҳар рӯз наметавонанд тайёраҳои калонҳаҷмро қабул кунанд - посухи Икром Субҳонзода 24.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-24T14:00+0500
2021-06-24T14:00+0500
2021-06-24T14:00+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
муҳоҷират
парвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102100/08/1021000857_0:0:4691:2638_1920x0_80_0_0_c7d2def689d4adf5452b0e33970a720c.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон шарҳ додааст, имконияти фурудгоҳҳои Тоҷикистонро арзёбӣ кардааст.Ӯ тавзеҳ додааст, ки чаро фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон имконияти ҳар рӯз қабул кардани тайёраҳои калонҳаҷмро надоранд."Фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи имконияту инфрасохтори мавҷуда, тибқи таснифоти Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), ба категорияи муайян дохил шуда, мисли тамоми фурудгоҳҳои рӯи дунё аз рӯи таснифоташон имконияти қабули ҳавопаймоҳои калонҳаҷмро бо маҳдудияти муайян дорад", - менависад СССР аз қавли Икромзода.Раиси агнетӣ афзудааст, ин қабил фурудгоҳҳо бо назардошти маҳдудият метавонанд навъи тайёраҳои нисбатан калонҳаҷмро қабул кунанд, аммо на ҳар рӯз".Ёдовар мешавем, Русия парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро, ки моҳи марти соли гузашта дар робита ба пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз 1 апрел барқарор кард.Аммо, талабот ба сайёҳат дар ин масир аз пешниҳодот бамаротиб зиёд аст.Бояд гуфт, парвозҳои чартерӣ байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамоно сурат мегиранд. Ҳар рӯз тақрибан аз 8 то 10 ҳавопаймо дар ин хатсайрҳо парвоз мекунанд.Ҳоло 7 ширкати русӣ - “Северний ветер”, “Utair”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд.Русия парвозҳоро бо Туркия барқарор кардТибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, шурӯъ аз 1 апрел то ба ҳол ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳама гуна парвозҳо ба Русия интиқол ёфтаанд.Ҳарчанд парвозҳо мунтазам сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.
https://sputnik.tj/20210622/parvoz-uzbekiston-rusiya-14-ziyod-1040364962.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102100/08/1021000857_0:0:3517:2638_1920x0_80_0_0_1bad9b3a451808bec44bce999609349c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, муҳоҷират, парвоз
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, муҳоҷират, парвоз
Фурудгоҳҳои Тоҷикистон бо тайёраҳои калонҳаҷм чӣ мушкил доранд?
Чаро фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҳар рӯз наметавонанд тайёраҳои калонҳаҷмро қабул кунанд - посухи Икром Субҳонзода
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон шарҳ додааст, имконияти фурудгоҳҳои Тоҷикистонро арзёбӣ кардааст.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки чаро фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон имконияти ҳар рӯз қабул кардани тайёраҳои калонҳаҷмро надоранд.
"Фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи имконияту инфрасохтори мавҷуда, тибқи таснифоти Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), ба категорияи муайян дохил шуда, мисли тамоми фурудгоҳҳои рӯи дунё аз рӯи таснифоташон имконияти қабули ҳавопаймоҳои калонҳаҷмро бо маҳдудияти муайян дорад", - менависад СССР аз қавли Икромзода.
Раиси агнетӣ афзудааст, ин қабил фурудгоҳҳо бо назардошти маҳдудият метавонанд навъи тайёраҳои нисбатан калонҳаҷмро қабул кунанд, аммо на ҳар рӯз".
"Зеро таъмин намудани бехатарии парвозҳо ва риояи талаботи ҷории соҳавӣ вазифаи аввалиндараҷаи соҳавӣ буда, риоя нагардидани ин талабот дар фасли гармо, ки ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа болост, метавонад ба хатти нишасту парвози фурудгоҳҳо зиён оварад", - тавзеҳ додааст вай.
Ёдовар мешавем, Русия парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро, ки моҳи марти соли гузашта дар робита ба пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз 1 апрел барқарор кард.
Аммо, талабот ба сайёҳат дар ин масир аз пешниҳодот бамаротиб зиёд аст.
Бояд гуфт, парвозҳои чартерӣ байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамоно сурат мегиранд. Ҳар рӯз тақрибан аз 8 то 10 ҳавопаймо дар ин хатсайрҳо парвоз мекунанд.
Ҳоло 7 ширкати русӣ - “Северний ветер”, “Utair”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, шурӯъ аз 1 апрел то ба ҳол ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳама гуна парвозҳо ба Русия интиқол ёфтаанд.
Ҳарчанд парвозҳо мунтазам сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.