Замони имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо дар Тоҷикистон маълум шуд

© Foto / Российский центр науки и культуры в ДушанбеАбитуриент на вступительном экзамене, архивное фото
Абитуриент на вступительном экзамене, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Обуна шудан
Имтиҳонҳои дохилшавӣ бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор мешаванд. Қабл аз дохил шудани довталабон ва дигар масъулон ба марказӣ миллӣ ҳарорати бадани онҳо ҳатман санҷида мешавад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Маркази миллии тестӣ даври аввали имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои ҷумҳуриро эълон кард, хабар медиҳад агентии Ховар.
Ба иттилои манбаъ, даври аввал аз 1 то 7 июл сурат хоҳад гирифт.
Гуфта мешавад, дар баробари баргузор гардидани даври асосӣ, ҳамчунин имтиқонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус низ дар донишгоҳу донишкадаҳо доир мегардад.
Зимнан, холҳое, ки донишҷӯён аз ин имтиҳонҳо ба даст меоранд, ба балҳои имтиҳонҳои асосӣ зам мегарданд.
Диктант - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2021
Аз Файзобод то Роштқалъа: таъсиси нуқтаҳои сайёри бақайдгирии довталабон барои соли 2021
Дар ҳамин ҳол, котиботи Маркази миллии тестӣ мегӯяд, барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.
Илова бар ин, ба иллате, ки коронавирус боз дубора Тоҷикистонро домангир шуд, доир шудани даври аввали имтиҳонҳои дохилшавӣ бо риояи тамоми чораҳои беҳдоштӣ сурат хоҳад гирифт.
Зикр мегардад, ки марказҳои имтиҳонӣ бо мавод ва воситаҳои зарурӣ таъмин мегарданд.
"Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ иловатан як корманди техникӣ барои анҷом додани корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) ҷалб мегардад, ки корҳои безараргардониро як рӯз қабл аз баргузор шудани ин маърака анҷом медиҳад", - омадааст дар хабар.
Дар баробари ин, дар ҳар як маркази имтиҳонӣ бунгоҳи тиббӣ ташкил мешавад ва ҳарорати бадани довталабону масъулон пеш аз воридшавӣ санҷида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0