https://sputnik.tj/20210623/varzishgaron-tojikiston-boziho-olimpi-tokio-2020-1040377238.html
Сомону Акмал ва Темуру Комроншоҳ: намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио -2020
Сомону Акмал ва Темуру Комроншоҳ: намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио -2020
Sputnik Тоҷикистон
Ба Бозиҳои олимпиадаи Токио - 2020 Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов роҳ ёфтанд.
2021-06-23T10:02+0500
2021-06-23T10:02+0500
2021-07-19T11:57+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
варзишгарони тоҷик
токио
бозиҳои олимпии пекин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040377019_133:48:773:408_1920x0_80_0_0_8847b6f7aeea2aa8e42a26883212335e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Исми паҳлавононе, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 аз намуди ҷудо намояндагӣ мекунанд, маълум шуд.Бар тибқи радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо чор паҳлавони шинохтаи тоҷик роҳхат ба ин мусобиқаи ҷаҳониро ба даст оварданд.Ҳамин тариқ, ба Бозиҳои олимпиадаи Токио - 2020 Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов роҳ ёфтанд.Манбаъ меафзояд, дар вазни 73 кило Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунад. Ин варзишгар бо 3580 имтиёз дар садри рӯйхати ҷудочиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии ҷудочиёни олимпии ҳамин вазн қарор дорад.Ҳамчунин Акмал Муродов дар вазни 81 кило бо 1060 имтиёз, Комроншоҳ Устопириён - 90 кило бо 2944 ва Темур Раҳимов беш аз 100 кило бо 3241 имтиёз садрнишини радабандии вазнҳои худ миёни ҷудочиёни тоҷик гардиданд.Гуфта мешавад, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов мустақиман роҳхат гирифтанд ва Акмал Муродов бошад бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.Маврид ба зикр аст, ки Федератсияи байналмилалии ҷудо рӯзи 28- июн ҳамаи варзишгарони соҳиби роҳхат шударо расман эълон менамояд.Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Қувваозмоии варзишгарон дар риштаи ҷудо шурӯъ аз 24 то 31 июл идома меёбанд.
https://sputnik.tj/20210616/dasturamali-nihoi-baroi-bozihoi-olimpii-1040256096.html
токио
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040377019_260:49:739:408_1920x0_80_0_0_e8f6c07cbea070d556e88a5604cb3dc7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозиҳои олимпии токио - 2020, дзюдо, варзишгарони тоҷик
бозиҳои олимпии токио - 2020, дзюдо, варзишгарони тоҷик
Сомону Акмал ва Темуру Комроншоҳ: намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио -2020
10:02 23.06.2021 (Навсозишуда: 11:57 19.07.2021) Бозиҳои олимпии Токио - 2020 аз 23 июл то 8 августи соли ҷорӣ баргузор мегарданд. Қувваозмоиҳои варзишгарон дар риштаи дзюдо аз 24 то 31 июл идома меёбад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Исми паҳлавононе, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 аз намуди ҷудо намояндагӣ мекунанд, маълум шуд.
Бар тибқи радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо чор паҳлавони шинохтаи тоҷик роҳхат ба ин мусобиқаи ҷаҳониро ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, ба Бозиҳои олимпиадаи Токио - 2020 Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов роҳ ёфтанд.
Манбаъ меафзояд, дар вазни 73 кило Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков намояндагӣ мекунад. Ин варзишгар бо 3580 имтиёз дар садри рӯйхати ҷудочиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии ҷудочиёни олимпии ҳамин вазн қарор дорад.
Ҳамчунин Акмал Муродов дар вазни 81 кило бо 1060 имтиёз, Комроншоҳ Устопириён - 90 кило бо 2944 ва Темур Раҳимов беш аз 100 кило бо 3241 имтиёз садрнишини радабандии вазнҳои худ миёни ҷудочиёни тоҷик гардиданд.
Гуфта мешавад, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов мустақиман роҳхат гирифтанд ва Акмал Муродов бошад бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки Федератсияи байналмилалии ҷудо рӯзи 28- июн ҳамаи варзишгарони соҳиби роҳхат шударо расман эълон менамояд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Қувваозмоии варзишгарон дар риштаи ҷудо шурӯъ аз 24 то 31 июл идома меёбанд.