https://sputnik.tj/20210623/imomkhatim-ozod-janoza-1040383416.html
Имомхатиби ноҳияи Шоҳмансур озод шуд
Имомхатиби ноҳияи Шоҳмансур озод шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ду нафаре, ки барои иртибот бо ӯ дастгир шуда буданд, низ, озод шуданд
2021-06-23T14:20+0500
2021-06-23T14:20+0500
2021-06-23T16:30+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
амният ва мудофиа
боздошт
озодӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103129/39/1031293939_0:281:3073:2009_1920x0_80_0_0_82ed76a1cdb7f0d67b58d18fd012d9a7.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Имомхатиби собиқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдулҳақ Обидов озод шудааст. Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи апрел собиқ имомхатиб ва 4 нафари дигарро Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми иртибот бо ҷараёни экстремистии "Салафия" (мамнӯъ дар Тоҷикистон - шарҳи идора) дастгир карда буд."Ба ҳамроҳи Абдулҳақ Обидов, Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ки ба иллати иртибот бо ӯ 3 моҳ пеш боздошт шуда буданд ҳам озод шуданд", - менависад "Парс тудей".Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми алоқамандӣ ба ҷараёни экстремистии “Салафия” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) панҷ нафарро боздошт кард.Гуфта мешуд, бо гумони алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд.Расонаҳо омили боздошти Абдулҳақ Обидовро пас аз суханронияш дар ҷанозаи Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ рабт дода буданд."Баъди ифтор, дар рӯзи аввали Рамазон": домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ даргузаштКумитаи дини кишвар бошад, дар асоси маълумоти мақомоти амниятии ҷумҳурӣ навиштааст, ки боздошти сархатиб ба суханрониаш дар маросими ҷанозаи марҳум Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҳеҷ иртиботе надорад.Ин ниҳод аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.
https://sputnik.tj/20210422/kdam-vahdat-rudakiro-salafiya-bozdosht-1038914637.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103129/39/1031293939_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_104eabef892289a22eaf6060bffeb7aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имомхатиб боздошт озодшавӣ
имомхатиб боздошт озодшавӣ
Имомхатиби ноҳияи Шоҳмансур озод шуд
14:20 23.06.2021 (Навсозишуда: 16:30 23.06.2021) Абдулҳақ Обидов ба иттиҳоми алоқамандӣ бо ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" боздошт шуда буд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Имомхатиби собиқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдулҳақ Обидов озод шудааст.
Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи апрел собиқ имомхатиб ва 4 нафари дигарро Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми иртибот бо ҷараёни экстремистии "Салафия" (мамнӯъ дар Тоҷикистон - шарҳи идора) дастгир карда буд.
"Ба ҳамроҳи Абдулҳақ Обидов, Азиз Турков ва Аҳмадхоҷа Табаров, ки ба иллати иртибот бо ӯ 3 моҳ пеш боздошт шуда буданд ҳам озод шуданд", - менависад "Парс тудей".
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми алоқамандӣ ба ҷараёни экстремистии “Салафия” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) панҷ нафарро боздошт кард.
Гуфта мешуд, бо гумони алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд.
Расонаҳо омили боздошти Абдулҳақ Обидовро пас аз суханронияш дар ҷанозаи Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ рабт дода буданд.
Кумитаи дини кишвар бошад, дар асоси маълумоти мақомоти амниятии ҷумҳурӣ навиштааст, ки боздошти сархатиб ба суханрониаш дар маросими ҷанозаи марҳум Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҳеҷ иртиботе надорад.
Ин ниҳод аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.