https://sputnik.tj/20210623/futbol-dustonam-baghoj-habsi-donishju-1040401103.html
Аз футбол баромадаму дӯстонамро ба бағоҷ ҷо кардам: ҳабси донишҷӯи "хулиган" дар Душанбе
Аз футбол баромадаму дӯстонамро ба бағоҷ ҷо кардам: ҳабси донишҷӯи "хулиган" дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе донишҷӯи Факултети муносибатҳои байналмилалӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба 5 шабонарӯз ҳабс карданд.
2021-06-23T21:14+0500
2021-06-23T21:14+0500
2021-06-23T21:14+0500
иҷтимоъ
донишҷӯ
навор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040401030_19:0:1032:570_1920x0_80_0_0_e33ffd0ddf0f1e3b7bb83acd75f56296.png
Дар Душанбе донишҷӯи Факултети муносибатҳои байналмилалӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба 5 шабонарӯз ҳабс карданд.Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар барномаи "Сипар" гузориш дод, чанд рӯз пеш ҷавони 19-сола, донишҷӯи ДМТ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота Каролла" дар бағоҷи автомашина ду нафарро савор намуда, дар кӯчаҳои пойтахт бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ автомашинаи худро идора кардааст."Дарро аз берун пӯш" - талабае, ки муаллимаашро аз дарс ронд: шарҳи пулис – видеоГуфта мешавад, ӯ шаби 17-уми июни соли ҷорӣ ду нафар рафиқони ноболиғашро дидаву дониста дар бағоҷи автомашина ҷойгир ва автомашинаи худро дар кӯчаҳои пойтахт идора намудааст.Донишҷӯ бо ин амалаш хилофи Қоидаҳои ҳаркат дар роҳ амал намуда, ба ҷону саломатии ноболиғон хатари ҷиддӣ таҳдид ва меъёрҳои ахлоқии ҷомеаро барқасдона вайрон намудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Зоиров Самариддин тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040401030_145:0:905:570_1920x0_80_0_0_cdee15e6bb31222e143622575a212fd0.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донишҷӯ ҳабс
Аз футбол баромадаму дӯстонамро ба бағоҷ ҷо кардам: ҳабси донишҷӯи "хулиган" дар Душанбе
Навори ин кирдори донишҷӯ зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва боиси ҳабси вай шуд
Дар Душанбе донишҷӯи Факултети муносибатҳои байналмилалӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба 5 шабонарӯз ҳабс карданд.
Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар барномаи "Сипар" гузориш дод, чанд рӯз пеш ҷавони 19-сола, донишҷӯи ДМТ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота Каролла" дар бағоҷи автомашина ду нафарро савор намуда, дар кӯчаҳои пойтахт бо ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ автомашинаи худро идора кардааст.
Гуфта мешавад, ӯ шаби 17-уми июни соли ҷорӣ ду нафар рафиқони ноболиғашро дидаву дониста дар бағоҷи автомашина ҷойгир ва автомашинаи худро дар кӯчаҳои пойтахт идора намудааст.
"Мо ҳамроҳи дӯстонам аз футбол баромадем ва ман ду дӯстамро дар бағоҷи мошин бор кардам, ки пойҳои як нафараш аз бағоҷ берун буд", - мегӯяд вай дар навори барнома.
Донишҷӯ бо ин амалаш хилофи Қоидаҳои ҳаркат дар роҳ амал намуда, ба ҷону саломатии ноболиғон хатари ҷиддӣ таҳдид ва меъёрҳои ахлоқии ҷомеаро барқасдона вайрон намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Зоиров Самариддин тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.