https://sputnik.tj/20210622/uzbekiston-marzhoyashro-afghoniston-bast-1040359461.html
Ӯзбекистон марзашро бо Афғонистон баст
Ӯзбекистон марзашро бо Афғонистон баст
Sputnik Тоҷикистон
Бинобар сабаби паҳншавии коронавирус дар Афғонистон Ӯзбекистон сарҳадашро бо ин кишвар муваққтан баст
2021-06-22T13:35+0500
2021-06-22T13:35+0500
2021-06-22T14:56+0500
афғонистон
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
марз
бастан
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/30/1028473011_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_8b7aecf22372f5ed0b6967d7df65ade4.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Ӯзбекистон таъкид доштааст, ки комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бо назардошти шиддати вазъияти эпидемиологӣ дар ин кишвар тасмим гирифт, ки равуои шаҳрвандонро тариқи марзи Ӯзбекистону Афғонистон мувақаттан манъ кунад. Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистон ва қабули дархости пешниҳоди раводидҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ қатъ карда шуд.Ба воситаи постгоҳи сарҳадии "Термез-автодорожний" ба равуои категорияҳои зерини шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт иҷоза дода мешавад:Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар онҳо натиҷаи мусбати сирояти коронавирус ошкор мешавад, ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода намешаванд.
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/30/1028473011_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_40be6cfb512586320ce4bd7789dcf203.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, афғонистон, сарҳад, коронавирус, паҳншавӣ
ӯзбекистон, афғонистон, сарҳад, коронавирус, паҳншавӣ
Ӯзбекистон марзашро бо Афғонистон баст
13:35 22.06.2021 (Навсозишуда: 14:56 22.06.2021) Бинобар сабаби паҳншавии коронавирус дар Афғонистон, Ӯзбекистон марзашро бо ин кишвар муваққтан баст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати тандурустии Ӯзбекистон таъкид доштааст, ки комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бо назардошти шиддати вазъияти эпидемиологӣ дар ин кишвар тасмим гирифт, ки равуои шаҳрвандонро тариқи марзи Ӯзбекистону Афғонистон мувақаттан манъ кунад.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони Афғонистон ва қабули дархости пешниҳоди раводидҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ қатъ карда шуд.
Ба воситаи постгоҳи сарҳадии "Термез-автодорожний" ба равуои категорияҳои зерини шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт иҷоза дода мешавад:
ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва аъзои оилаи онҳо;
ба ронандагоне, ки ба боркашонии байнулмилалӣ машғуланд;
ба шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Афғонистон, ки ба Ватан бармегарданд.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар онҳо натиҷаи мусбати сирояти коронавирус ошкор мешавад, барои муолиҷа ба дармонгоҳҳои махсус фиристода мешаванд.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар онҳо натиҷаи мусбати сирояти коронавирус ошкор мешавад, ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода намешаванд.