Тоҷикистон бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ бахши кишоварзиро устувор хоҳад кард

© Министерство финансов РТМинфин РТ и Всемирный банк подписали соглашение
Минфин РТ и Всемирный банк подписали соглашение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Обуна шудан
Санаи 21 июн дар Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон” байни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати молия, санади мазкур аз ҷониби Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расид.
“Маблағи умумии Лоиҳа 58 миллион долларро ташкил дода, пурра дар шакли грант пешниҳод гардида, он аз соли 2021 то соли 2027 татбиқ мегардад. Ҳадафи асосии Лоиҳа тақвияти заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани дастрасии тухмии хушсифат, ниҳолҳои ба иқлим тобовар, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии агрологистикии деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ мебошад”,- афзуд манбаъ
Новое здание Министерства финансов Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Ҷамъоварии андоз беҳтар мешавад: имзои созишнома миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки маблағҳои ҷалбшуда дар доираи Лоиҳа барои фароҳам овардани муҳити мусоид, таҳқиқот, баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои миллии кишоварзӣ дар самти таҳқиқот ва рушд барои мутобиқ гардонидани технологияҳои мавҷуда ба шароити маҳалл, зиёд кардани тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводҳои ниҳолшинонӣ, таъмини сифат, дастгирии фаъолияти Марказҳои агрологистикӣ, мониторинги воқеии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометереология равона мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0