https://sputnik.tj/20210622/tasmimi-istehsoli-vaksina-sputnik-uzbekiston-1040353612.html
Тасмими истеҳсоли ваксинаи “Спутник V” дар Ӯзбекистон
Тасмими истеҳсоли ваксинаи “Спутник V” дар Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Ӯзбекистон истеҳсоли ваксина бар зидди коронавирус “Спутник V” -ро дар корхонаи "Ҷӯрабек Лабораторис" дар шаҳри Тошканд баррасӣ доранд
2021-06-22T10:50+0500
2021-06-22T10:50+0500
2021-08-10T17:02+0500
истеҳсол
тандурустӣ
ӯзбекистон
спутник
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/06/1033139246_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_f62aa5410561dbe139a187862d9b1844.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Интизор меравад, ваксинаи сохти Русия “Спутник V” дар Ӯзбекистон дар як корхонаи махсуси маҳаллӣ истеҳсол шавад.Бино бар иттилои Ҳукумати Русия, ин масъала аз ҷониби Русия ва Ӯзбакистон дар арафаи ҷаласаи комиссияи муштарак дар сатҳи сарони ҳукуматҳои ду кишвар баррасӣ мешавад.Мулоқоти сарвазири Русия Михаил Мишустин ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов рӯзи 22 июн дар назар аст.Эҳтимол, истеҳсоли “Спутник V”- ро дар Ӯзбекистон корхонаи "Ҷӯрабек Лабораторис" - и Тошканд ба ӯҳда гирад.Бояд қайд кард, ки ҳоло Вазорати тандурустии Русия, Роспотребнадзор ва Фонди сармоягузории мустақими Русия бо Ӯзбекистон оид ба пешгирии паҳншавӣ, ташхис ва табобати коронавирус ҳамкорӣ доранд.Ҳамин тавр, 1 апрели соли равон байни Фонди сармоягузории мустақими Русия ва Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии аҳолии Ӯзбекистон дар бораи ба ҷумҳурӣ интиқол додани 500 ҳазор вояи “Спутник V” созишнома ба имзо расид. Тошканд аввалин бастаи ваксинаҳоро дар ҳаҷми сад ҳазор воя санаи 23 ва 27 апрели 2021 қабул кард ва рӯзҳои 1 ва 10 июн ба кишвар боз 140 ҳазор вояи компонентҳои якум ва дуюм ворид карда шуд.
https://sputnik.tj/20210601/uzbekiston-sputnik-v-dastras-tojikiston-kay-1039889580.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/06/1033139246_104:0:2835:2048_1920x0_80_0_0_94d6fcb77c2551434861481ff458c658.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, ваксина, истеҳсол, тошканд, корхона, русия
ӯзбекистон, ваксина, истеҳсол, тошканд, корхона, русия
Тасмими истеҳсоли ваксинаи “Спутник V” дар Ӯзбекистон
10:50 22.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Русия ва Ӯзбекистон истеҳсоли ваксина бар зидди коронавирус “Спутник V” -ро дар корхонаи "Ҷӯрабек Лабораторис" дар шаҳри Тошканд баррасӣ доранд
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Интизор меравад, ваксинаи сохти Русия “Спутник V” дар Ӯзбекистон дар як корхонаи махсуси маҳаллӣ истеҳсол шавад.
Бино бар иттилои Ҳукумати Русия, ин масъала аз ҷониби Русия ва Ӯзбакистон дар арафаи ҷаласаи комиссияи муштарак дар сатҳи сарони ҳукуматҳои ду кишвар баррасӣ мешавад.
Мулоқоти сарвазири Русия Михаил Мишустин ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов рӯзи 22 июн дар назар аст.
Эҳтимол, истеҳсоли “Спутник V”- ро дар Ӯзбекистон корхонаи "Ҷӯрабек Лабораторис" - и Тошканд ба ӯҳда гирад.
Бояд қайд кард, ки ҳоло Вазорати тандурустии Русия, Роспотребнадзор ва Фонди сармоягузории мустақими Русия бо Ӯзбекистон оид ба пешгирии паҳншавӣ, ташхис ва табобати коронавирус ҳамкорӣ доранд.
Ҳамин тавр, 1 апрели соли равон байни Фонди сармоягузории мустақими Русия ва Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии аҳолии Ӯзбекистон дар бораи ба ҷумҳурӣ интиқол додани 500 ҳазор вояи “Спутник V” созишнома ба имзо расид.
Тошканд аввалин бастаи ваксинаҳоро дар ҳаҷми сад ҳазор воя санаи 23 ва 27 апрели 2021 қабул кард ва рӯзҳои 1 ва 10 июн ба кишвар боз 140 ҳазор вояи компонентҳои якум ва дуюм ворид карда шуд.