https://sputnik.tj/20210622/sahm-toshkand-uzbekiston-jamiyat-bunyodi-nerugohho-zarafshon-1040366688.html
Саҳми Душанбею Тошканд дар ҷамъият барои бунёди нерӯгоҳҳои Зарафшон муайян шуд
Саҳми Душанбею Тошканд дар ҷамъият барои бунёди нерӯгоҳҳои Зарафшон муайян шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷамъияте, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳияи асоснокии техникию иқтисодӣ, сохтмон ва истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таъсис додаанд, саҳми ҷонибҳо маълум шуд
2021-06-22T16:47+0500
2021-06-22T16:47+0500
2021-06-22T16:59+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
нерӯгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_e259750500f925d29b57bfb018f2e253.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Саҳми Тоҷикистон дар ҷамъияти саҳомии кушодае, ки барои сохтмони ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон таъсис меёбад, 50 дарсади ҷамъи як саҳмия хоҳад буд. Боқимонда 50 дарсад тарҳи 1 саҳмия ҳиссаи Ӯзбекистон мебошад. Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон моҳи равон зимни сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Душанбе имзо гардид. Қаблан Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки дар назар аст, аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 миллион кВт/соат бунёд гардад. Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 миллион доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.Манбаъ изҳор дошта буд, ки маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.
https://sputnik.tj/20210218/Tojikiston-sodirot-barq-Afgoniston-Uzbekiston-1032845710.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_04c23b9db31d7079ec71859a2bcbbf18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тошканд, душанбе, саҳм, ӯзбекистон, тоҷикистон, нерӯгоҳ, барқ
тошканд, душанбе, саҳм, ӯзбекистон, тоҷикистон, нерӯгоҳ, барқ
Саҳми Душанбею Тошканд дар ҷамъият барои бунёди нерӯгоҳҳои Зарафшон муайян шуд
16:47 22.06.2021 (Навсозишуда: 16:59 22.06.2021) Дар ҷамъияте, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳияи асоснокии техникию иқтисодӣ, сохтмон ва истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон таъсис додаанд, саҳми ҷонибҳо маълум шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Саҳми Тоҷикистон дар ҷамъияти саҳомии кушодае, ки барои сохтмони ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон таъсис меёбад, 50 дарсади ҷамъи як саҳмия хоҳад буд. Боқимонда 50 дарсад тарҳи 1 саҳмия ҳиссаи Ӯзбекистон мебошад.
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон моҳи равон зимни сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Душанбе имзо гардид.
Қаблан Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки дар назар аст, аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 миллион кВт/соат бунёд гардад. Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 миллион доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.
Манбаъ изҳор дошта буд, ки маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.