https://sputnik.tj/20210622/rusiya-parvozho-turkiya-barqaror-1040359258.html
Русия парвозҳоро бо Туркия барқарор кард
Русия парвозҳоро бо Туркия барқарор кард
Sputnik Тоҷикистон
Чӣ парвозҳои чартерӣ ва чӣ парвозҳои муқаррарӣ барқарор карда мешаванд
2021-06-22T13:18+0500
2021-06-22T13:18+0500
2021-06-22T13:34+0500
туркия
парвоз
дар русия
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/04/1028320423_0:0:3070:1728_1920x0_80_0_0_17bd722fc999b9db74a18f2db9589212.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Русия парвозҳоро бо Туркия барқарор кард, хабар медиҳад РИА Новости дар иситинод ба Ситоди фаврии мубориза бо коронавируси кишвар.Бино бар иттилои манбаъ, ҳам парвозҳои муқаррарӣ ва ҳам парвозҳои чартерӣ мувофиқи хатсайрҳое, ки пеш аз лағв шудани парвозҳо муайян карда шуда буданд, дубора ба роҳ монда мешаванд.Гуфта мешавад, дар Туркия аз 60 то 90 дарсади кормандони меҳмонхонаҳо ваксин гирифтаанд, назорати санитарии лаборатории доимӣ ба роҳ монда шудааст, низоми ниқоби тиббӣ риоя мешавад, дар фурудгоҳ ва меҳмонхонаҳои бузург ҳарорати баданро месанҷанд.Ситод таъкид мекунад, ки барқароршавии парвозҳоро бештар аз 1 миллион сайёҳони Русия интизор буданд, ки пештар натавонистанд барои истироҳат ба Туркия сафар кунанд.Аллакай билетҳое, ки бо нархи дастрас буданд, ба фурӯш рафтаанд.Ёдрас мешавем, мобайнҳои моҳи апрел хабар дода шуд, ки Русия парвозҳоро бо Туркия маҳдуд мекунад. Далели ин иқдоми кишвар муташанниҷ шудани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия гуфта мешуд.Ин маҳдудиятҳо нахуст то 1 июн арзёбӣ мегардиданд, аммо дертар тамдид шуданд.
https://sputnik.tj/20210622/talabot-nav-baroi-vurud-uzbekiston-1040355954.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102832/04/1028320423_339:0:3070:2048_1920x0_80_0_0_b47b1e9a7f5d879d96b826a5040fd78c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз туркия русия
Русия парвозҳоро бо Туркия барқарор кард
13:18 22.06.2021 (Навсозишуда: 13:34 22.06.2021) Барқарор шудани парвозҳоро бештар аз 1 миллион сайёҳи кишвар интизор буданд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Русия парвозҳоро бо Туркия барқарор кард, хабар медиҳад РИА Новости дар иситинод ба Ситоди фаврии мубориза бо коронавируси кишвар.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳам парвозҳои муқаррарӣ ва ҳам парвозҳои чартерӣ мувофиқи хатсайрҳое, ки пеш аз лағв шудани парвозҳо муайян карда шуда буданд, дубора ба роҳ монда мешаванд.
Гуфта мешавад, дар Туркия аз 60 то 90 дарсади кормандони меҳмонхонаҳо ваксин гирифтаанд, назорати санитарии лаборатории доимӣ ба роҳ монда шудааст, низоми ниқоби тиббӣ риоя мешавад, дар фурудгоҳ ва меҳмонхонаҳои бузург ҳарорати баданро месанҷанд.
Ситод таъкид мекунад, ки барқароршавии парвозҳоро бештар аз 1 миллион сайёҳони Русия интизор буданд, ки пештар натавонистанд барои истироҳат ба Туркия сафар кунанд.
Аллакай билетҳое, ки бо нархи дастрас буданд, ба фурӯш рафтаанд.
Ёдрас мешавем, мобайнҳои моҳи апрел хабар дода шуд, ки Русия парвозҳоро бо Туркия маҳдуд мекунад. Далели ин иқдоми кишвар муташанниҷ шудани вазъи эпидемиологӣ дар Туркия гуфта мешуд.
Ин маҳдудиятҳо нахуст то 1 июн арзёбӣ мегардиданд, аммо дертар тамдид шуданд.