https://sputnik.tj/20210622/qozoqiston-tojikiston-sabzi-sodir-1040360962.html
Қазоқистон ба Тоҷикистон сабзӣ содир карданист
Қазоқистон ба Тоҷикистон сабзӣ содир карданист
Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон нақша дорад ба Тоҷикистон сабзӣ, пиёз, картошка ва карам содир кунад
2021-06-22T14:01+0500
2021-06-22T14:01+0500
2021-06-22T15:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қазоқистон
содирот
маҳсулоти полезӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/12/1031511296_0:157:3083:1891_1920x0_80_0_0_9c72ca626f3473ef1bb1dd6c36d7febf.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Вазири савдо ва ҳамгароии Қазоқистон Бахит Султонов дар мулоқот бо сокинони кишвар хабар дод, ки ба наздикӣ ба кишварҳои ҳамсоя сафари корӣ дорад.Мақсади асосии сафар - бастани созишнома дар бораи савдои дутарафаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.Султонов афзуд, ки ин созишномаҳои пешакӣ дар робита бо савдои картошка, пиёз, сабзӣ ва карам мебошад.Созишномаҳои пешакӣ - санадҳое мебошанд, ки пеш аз ҷамъоварии ҳосил баста мешаванд. Ба гуфтаи вазир, ин созишнома боиси поён рафтани нархҳо хоҳад шуд. Вазири савдо аз миёнаравоне, ки нархҳоро дар мавсим "баланд мебаранд", шикоят кардааст.Сабзии “эронӣ” ҳам кор надод: нарх ҳамоно 10 сомонӣ аст"Як қатор тоҷирон низ маро ҳангоми сафарам ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард", - афзудааст вай..Ба феҳрасти кишварҳое, ки Қазоқистон мехоҳад дар савдои маҳсулоти кишоварзӣ созишнома бандад, Русия ва Эрон низ шомиланд.
https://sputnik.tj/20210618/narhi-behi-uzbekiston-garon-1040301864.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/12/1031511296_175:0:2906:2048_1920x0_80_0_0_abba87df60639163f3bcae9910d8e893.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, тоҷикистон, маҳсулоти полезӣ
қазоқистон, тоҷикистон, маҳсулоти полезӣ
Қазоқистон ба Тоҷикистон сабзӣ содир карданист
14:01 22.06.2021 (Навсозишуда: 15:02 22.06.2021) Қазоқистон нақша дорад ба Тоҷикистон сабзӣ, пиёз, картошка ва карам содир кунад
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Вазири савдо ва ҳамгароии Қазоқистон Бахит Султонов дар мулоқот бо сокинони кишвар хабар дод, ки ба наздикӣ ба кишварҳои ҳамсоя сафари корӣ дорад.
Мақсади асосии сафар - бастани созишнома дар бораи савдои дутарафаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Султонов афзуд, ки ин созишномаҳои пешакӣ дар робита бо савдои картошка, пиёз, сабзӣ ва карам мебошад.
Созишномаҳои пешакӣ - санадҳое мебошанд, ки пеш аз ҷамъоварии ҳосил баста мешаванд. Ба гуфтаи вазир, ин созишнома боиси поён рафтани нархҳо хоҳад шуд.
Вазири савдо аз миёнаравоне, ки нархҳоро дар мавсим "баланд мебаранд", шикоят кардааст.
"Як қатор тоҷирон низ маро ҳангоми сафарам ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард", - афзудааст вай..
Ба феҳрасти кишварҳое, ки Қазоқистон мехоҳад дар савдои маҳсулоти кишоварзӣ созишнома бандад, Русия ва Эрон низ шомиланд.