https://sputnik.tj/20210622/panj-qadam-baroi-darozumri-1040371692.html
Панҷ қадами сода барои умри беш аз садсола
Панҷ қадами сода барои умри беш аз садсола
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос гуфт бо кадом роҳ мешавад, умри худро дароз кард
2021-06-22T19:05+0500
2021-06-22T19:05+0500
2021-06-22T19:31+0500
дар ҷаҳон
дарозумр
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0b/1039356584_0:237:3219:2048_1920x0_80_0_0_5523e0476f65830e70db88c1ce87753f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Пизишк ва олим Федерика Аматӣ барои дароз кардани умр панҷ чизро тавсия дод, менависад Express. Аматӣ дар сайёра панҷ "минтақаи кабуд" -ро нишон кардааст, ки мардумаш беш аз сад сол умр мебинанд: ҷазираи Окинаваи Ҷопон, Сардинияи Итолиё, Икарияи Юнон, нимҷазираи Никоя дар Коста-Рика ва минтақаи Лома Линдаи Калифорния. Ба гуфти вай, шумораи ғайримуқаррарии садсолаҳо дар ин ҷойҳо ба ғизои рӯзмарраи онҳо вобаста аст - онҳо парҳези растанигиро риоя мекунанд, бештар мева, сабзавот, ғалладона ва лӯбиё истеъмол мекунанд. Тавсияи дуввум ин бештар ҳаракат кардан аст. Коршинос фаҳмонд, ки ҳар рӯз бисёр ҳаракат кардан лозим аст - хоҳ сайругашт, машқ ё ба мағоза рафтан аст.Кӣ донотар: мардон ё занон? натиҷаҳои таҳқиқот ҳайратоварандМаслиҳати дигар ин истеъмоли мӯътадил мебошад. Ҳамин тавр, ба гуфти табиб, дар ҷазираи Окинава одамон худро то "80 фоиз" сер мекунанд. "Мардуми "минтақаҳои кабуд" хӯроки камтаринро шоми барвақт мехӯранд ва пас аз он чизе истеъмол намекунанд", - илова кард Аматӣ. Вай инчунин даъват кард, ки машруботи спиртиро камтар нӯшем ва аз стресс дурӣ ҷӯем.
https://sputnik.tj/20210412/yak-odat-umrro-28-sol-daroz-mekunad-1035308129.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0b/1039356584_488:0:3219:2048_1920x0_80_0_0_dfee5f003b478e33cc49bc6767127232.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос, дарозумрӣ, ҷаҳон
коршинос, дарозумрӣ, ҷаҳон
Панҷ қадами сода барои умри беш аз садсола
19:05 22.06.2021 (Навсозишуда: 19:31 22.06.2021) Коршинос гуфт, бо кадом роҳ мешавад, умри худро дароз кард
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Пизишк ва олим Федерика Аматӣ барои дароз кардани умр панҷ чизро тавсия дод, менависад Express.
Аматӣ дар сайёра панҷ "минтақаи кабуд" -ро нишон кардааст, ки мардумаш беш аз сад сол умр мебинанд: ҷазираи Окинаваи Ҷопон, Сардинияи Итолиё, Икарияи Юнон, нимҷазираи Никоя дар Коста-Рика ва минтақаи Лома Линдаи Калифорния.
Ба гуфти вай, шумораи ғайримуқаррарии садсолаҳо дар ин ҷойҳо ба ғизои рӯзмарраи онҳо вобаста аст - онҳо парҳези растанигиро риоя мекунанд, бештар мева, сабзавот, ғалладона ва лӯбиё истеъмол мекунанд.
"Истифодаи ҳамарӯзаи ин хӯрокҳо ба функсияҳои масуният фоидаовар буда ва зидди илтиҳоб дар тӯли ҳаёти солим мусоидат мекунад", - гуфт ӯ.
Тавсияи дуввум ин бештар ҳаракат кардан аст. Коршинос фаҳмонд, ки ҳар рӯз бисёр ҳаракат кардан лозим аст - хоҳ сайругашт, машқ ё ба мағоза рафтан аст.
Маслиҳати дигар ин истеъмоли мӯътадил мебошад. Ҳамин тавр, ба гуфти табиб, дар ҷазираи Окинава одамон худро то "80 фоиз" сер мекунанд.
"Мардуми "минтақаҳои кабуд" хӯроки камтаринро шоми барвақт мехӯранд ва пас аз он чизе истеъмол намекунанд", - илова кард Аматӣ.
Вай инчунин даъват кард, ки машруботи спиртиро камтар нӯшем ва аз стресс дурӣ ҷӯем.