Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

“Коронавирус омад, муовини вазир нест” – вазифаи аҷоиб дар вазорати тандурустӣ

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Обуна шудан
Бо гузашти қариб се моҳ аз барканории охирин муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар умури санитарию эпидемиологӣ курсии ӯ ҳамоно холӣ аст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар вазорати мазкур ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки далоили ҳанӯз таъйин нашудани муовини вазир дар умури санитарию эпидемиологӣ маълум нест.

“Аммо вазифаи ӯро раёсатҳои зидахл, аз ҷумла Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилӣ бо муваффақият пеш мебаранд”, - гуфтанд дар ин ниҳод.

Охирин нафар дар ин вазифа Самариддин Ализода буд, ки 31 март дар пайи як қарори Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳукумати Тоҷикистон барканор шуда буд.
Ӯ моҳи майи соли гузашта дар ин вазифа ба ҷои Мирҳамуддин Камолзода омада буд.
Встреча заместителя министра здравоохранения Таджикистана с представителями Роспотребнадзора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2021
Баррасии вазъи эпидемиологии Тоҷикистон дар мулоқоти Ализода бо ҳайати Роспотребнадзор
5 майи он сол Эмомалӣ Раҳмон дар айни авҷи гирудорҳо бо “вируси корона” дар Тоҷикистон ба як бор вазир Насим Олимзодаро бо иттифоқи се муовинаш - Саида Умарзода (муовини якум), Мирҳамуддин Камолзода ва Азиз Одиназода, ки ҳамагӣ моҳҳои январу феврали соли 2017 ба вазифа таъйин шуда буданд, аз вазифа сабукдӯш карда, вазири нав Ҷамолиддин Абдуллозодаро бо муовинони нав сари кор овард.
Дар ин миён вазири собиқ ва ду муовинаш ба вазифаҳои нав таъйин шуданд, аммо Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазир дар умури санитарию эпидемиологӣ вазифаи нав нагирифт.
Ӯ дар айни замон ба сифати мушовир бо яке аз созмонҳои хориҷии соҳаи тандурустӣ ҳамкорӣ мекунад.
Ҳамчунин, бино ба иттилои дарёфтӣ, Самариддин Ализода низ бо созмонҳои байнулмилалӣ ҳамкорӣ дорад ва мушовири Созмони ҷаҳонии беҳдошт аст.
Лентаи хабарҳо
0