https://sputnik.tj/20210622/kishvari-hamzabon-turkiya-chiro-barrasi-kardand-1040355270.html
Се кишвари ҳамзабон дар Туркия чиро баррасӣ карданд
Се кишвари ҳамзабон дар Туркия чиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазирони хориҷаи Туркия, Эрон, Афғонистон ва дастёри дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидор кард
2021-06-22T12:10+0500
2021-06-22T12:10+0500
2021-06-22T12:17+0500
дар тоҷикистон
туркия
афғонистон
эрон
мулоқот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040355014_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_399978f24bacbe5e5542219a84fa932b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Сироҷиддини Муҳриддин дар ҳошияи нишасти дипломатии Анталия, бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дидор кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон.Дар ин нишаст роҳҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд.Ҳамчунин дар ин мулоқоти тарафайн бар лузуми иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар чаҳордаҳумин нишасти комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон, ки дар 7 ва 8 июни 2021 дар Душанбе баргузор шуд, таъкид карданд.Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия низ мулоқот кард.Дар ин дидор ҷонибҳо алоқаи худро ба тақвияти равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ иброз карданд.Дар дидори Сироҷиддини Муҳриддин бо Муҳаммадҳанифи Атмар, вазири умури хориҷаи Афғонистон, дар мавриди вазъияти феълӣ ва чашмандози ҳамкориҳои ду кишвар, авзои Афғонистон, ҳамкориҳои минтақаӣ дар раванди сулҳу субот дар ин кишвар, табодули назар шуд.Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар сафари кории худ ба Туркия бо Мирослав Ҷенка, дастёри дабири кулли Созмони Милал дар умури сиёсӣ ҳам дидор кард.Дар ин дидор дар мавриди ҳамкориҳои муштарак дар заминаи об, тағйири иқлим, амнияти минтақаӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир баҳсу табодули назар шуд.
https://sputnik.tj/20210620/raisi-kishvar-asri-nav-1040324364.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040355014_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_b933aa33b11e0d630fcc61735c78b3a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, туркия, афғонистон, дидор, мулоқот, вузарои хориҷа
тоҷикистон, эрон, туркия, афғонистон, дидор, мулоқот, вузарои хориҷа
Се кишвари ҳамзабон дар Туркия чиро баррасӣ карданд
12:10 22.06.2021 (Навсозишуда: 12:17 22.06.2021) Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо вазирони хориҷаи Туркия, Эрон, Афғонистон ва дастёри дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидор кард
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Сироҷиддини Муҳриддин дар ҳошияи нишасти дипломатии Анталия, бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дидор кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Дар ин нишаст роҳҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуд.
Ҳамчунин дар ин мулоқоти тарафайн бар лузуми иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар чаҳордаҳумин нишасти комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Эрон, ки дар 7 ва 8 июни 2021 дар Душанбе баргузор шуд, таъкид карданд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия низ мулоқот кард.
Дар ин дидор ҷонибҳо алоқаи худро ба тақвияти равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ иброз карданд.
Дар дидори Сироҷиддини Муҳриддин бо Муҳаммадҳанифи Атмар, вазири умури хориҷаи Афғонистон, дар мавриди вазъияти феълӣ ва чашмандози ҳамкориҳои ду кишвар, авзои Афғонистон, ҳамкориҳои минтақаӣ дар раванди сулҳу субот дар ин кишвар, табодули назар шуд.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар сафари кории худ ба Туркия бо Мирослав Ҷенка, дастёри дабири кулли Созмони Милал дар умури сиёсӣ ҳам дидор кард.
Дар ин дидор дар мавриди ҳамкориҳои муштарак дар заминаи об, тағйири иқлим, амнияти минтақаӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир баҳсу табодули назар шуд.