https://sputnik.tj/20210622/dj-avrupo-dushanbe-raqs-1040364056.html
Диҷейҳои аврупоӣ мухлисонашонро дар Душанбе ба рақс дароварданд - видео
Диҷейҳои аврупоӣ мухлисонашонро дар Душанбе ба рақс дароварданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе дар доираи "Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ" консерт баргузор шуд
2021-06-22T15:35+0500
2021-06-22T15:35+0500
2021-06-22T16:06+0500
видео
душанбе
консерт
мусиқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040363469_0:0:640:360_1920x0_80_0_0_dd40e7a55383e26b7082a7c954d102e6.jpg
Ташкилкунандагони ҷашнвораи мусиқии электронӣ маркази фарҳангии "Бохтар", сафоратхонаҳои Фаронса ва Олмон буданд. Консерт дар Майдони 800-солагии Маскав, дар шафати Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, сурат гирифт. Дар консерти мусиқии электронӣ диҷейҳо аз Аврупо ширкат карданд. Ҳунарманди фаронсавӣ Aubry ва диҷейи олмонӣ Me&Mo меҳмонони махсуси консерт буданд. Аз навор дида мешавад, чӣ гуна диҷейҳои аврупоӣ мухлисони душанбегиашонро ба рақс дароварданд.Юлдуз Усмонова бо суруди тоҷикӣ мухлисонашро дар Душанбе ба по хезонд - видеоҲамчунин дар ин чорабинӣ беҳтарин диҷейҳои Тоҷикистон - Prooftj, Фирдавс Исоев ва Dj Jova ҳунарнамоӣ карданд. "Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ" аз соли 2003 ба ин сӯ дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳадафи он табодули фарҳангӣ, наздикшавӣ ва ғанигардонии фарҳангҳои гуногун мебошад. Бори аввал фестивал бо ибтикори вазири фарҳанги Фаронса соли 1982 дар Порис баргузор шуд ва дар тӯли таърихи сисолаи худ ин ҷашнвора дар соҳаи мусиқӣ ба як рӯйдоди ҷаҳонӣ табдил ёфт.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Всемирный день музыки в Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
В Таджикистане в очередной раз состоялся Фестиваль электронной музыки в рамках Всемирного дня музыки. Концерт был организован культурным центром "Бактрия" при поддержке посольства Франции и посольства Германии в республике.
2021-06-22T15:35+0500
true
PT0M59S
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040363469_29:0:509:360_1920x0_80_0_0_3dfd71a4219a74278bbc1a18a272b830.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мусиқӣ, таҷлил, рӯз, мусиқии электронӣ
мусиқӣ, таҷлил, рӯз, мусиқии электронӣ
Диҷейҳои аврупоӣ мухлисонашонро дар Душанбе ба рақс дароварданд - видео
15:35 22.06.2021 (Навсозишуда: 16:06 22.06.2021) Дар Душанбе дар доираи "Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ" консерт баргузор шуд
Ташкилкунандагони ҷашнвораи мусиқии электронӣ маркази фарҳангии "Бохтар", сафоратхонаҳои Фаронса ва Олмон буданд.
Консерт дар Майдони 800-солагии Маскав, дар шафати Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, сурат гирифт.
Дар консерти мусиқии электронӣ диҷейҳо аз Аврупо ширкат карданд.
Ҳунарманди фаронсавӣ Aubry ва диҷейи олмонӣ Me&Mo меҳмонони махсуси консерт буданд. Аз навор дида мешавад, чӣ гуна диҷейҳои аврупоӣ мухлисони душанбегиашонро ба рақс дароварданд.
Ҳамчунин дар ин чорабинӣ беҳтарин диҷейҳои Тоҷикистон - Prooftj, Фирдавс Исоев ва Dj Jova ҳунарнамоӣ карданд.
"Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ" аз соли 2003 ба ин сӯ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ҳадафи он табодули фарҳангӣ, наздикшавӣ ва ғанигардонии фарҳангҳои гуногун мебошад.
Бори аввал фестивал бо ибтикори вазири фарҳанги Фаронса соли 1982 дар Порис баргузор шуд ва дар тӯли таърихи сисолаи худ ин ҷашнвора дар соҳаи мусиқӣ ба як рӯйдоди ҷаҳонӣ табдил ёфт.