https://sputnik.tj/20210621/sohibkor-yatimonu-beparastoron-hujand-kudakiston-1040335148.html
Соҳибкор барои ятимону бепарасторон дар Хуҷанд кӯдакистон месозад
Соҳибкор барои ятимону бепарасторон дар Хуҷанд кӯдакистон месозад
Sputnik Тоҷикистон
Барои ятимону бепарасторон дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони муосир бунёд мегардад
2021-06-21T13:38+0500
2021-06-21T13:38+0500
2021-06-21T13:38+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
хуҷанд
бунёд
кӯдакони ятим
кӯдакистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102857/79/1028577962_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_ac06e895b677063ffd68d33f525bcf91.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд бо раванди сохтмони кӯдакистон дар маркази маъмурии вилоят шинос шуданд. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, кӯдакистони наву замонавӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тоҳир Олимӣ бунёд карда мешавад. Манбаъ кӯдакистонро аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ хонд, ки ба муносибати 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. “Муассисаи таълимии томактабии навбунёд, ки барои 200 нафар ятимон ва ашхсои бепарастор пешбинӣ шуда, дар маҳаллаи Бофандаи шаҳр воқеъ аст. Зимни бунёди иншоот тамоми шароити зарурии таълиму тарбия ба назари эътибор гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.Таъкид шудааст, ки кӯдакистон аз як бинои 2 ошёна иборат буда, дорои 7 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад. Дар саҳни кӯдакистон 7 адад айвончаҳо низ бунёд шудааст, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон шароит муҳайё карда мешавад. Бунёди кӯдакистони нав дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба камбуди муассисаҳои томактабӣ рӯбарӯ мебошад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш барои ҷалби бештари кӯдакон, бахусус ятиму бепарасторон ба тарбияи томактабӣ дастур дода буд.
https://sputnik.tj/20210601/ruzi-kudakon-1022467379.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102857/79/1028577962_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_65fb3299b3b11a01f2582869f10e23b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯдакистон, хуҷанд, шаҳр, бунёд, ятимон, бепарасторон
кӯдакистон, хуҷанд, шаҳр, бунёд, ятимон, бепарасторон
Соҳибкор барои ятимону бепарасторон дар Хуҷанд кӯдакистон месозад
Барои ятимону бепарасторон дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони муосир бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд бо раванди сохтмони кӯдакистон дар маркази маъмурии вилоят шинос шуданд.
Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, кӯдакистони наву замонавӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тоҳир Олимӣ бунёд карда мешавад. Манбаъ кӯдакистонро аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ хонд, ки ба муносибати 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
“Муассисаи таълимии томактабии навбунёд, ки барои 200 нафар ятимон ва ашхсои бепарастор пешбинӣ шуда, дар маҳаллаи Бофандаи шаҳр воқеъ аст. Зимни бунёди иншоот тамоми шароити зарурии таълиму тарбия ба назари эътибор гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки кӯдакистон аз як бинои 2 ошёна иборат буда, дорои 7 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад. Дар саҳни кӯдакистон 7 адад айвончаҳо низ бунёд шудааст, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон шароит муҳайё карда мешавад.
Бунёди кӯдакистони нав дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба камбуди муассисаҳои томактабӣ рӯбарӯ мебошад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш барои ҷалби бештари кӯдакон, бахусус ятиму бепарасторон ба тарбияи томактабӣ дастур дода буд.