https://sputnik.tj/20210621/safir-rusiya-amriko-vashington-bargasht-1040334483.html
Сафири Русия дар Амрико ба Вашингтон баргашт
Сафири Русия дар Амрико ба Вашингтон баргашт
Sputnik Тоҷикистон
Анатолий Антонов пас аз се моҳи дар Русия мондан, ахиран ба Вашингтон баргашт
2021-06-21T13:33+0500
2021-06-21T13:33+0500
2021-06-21T13:33+0500
вашингтон
сафир
анатолий антонов
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101567/23/1015672360_0:112:2666:1612_1920x0_80_0_0_6efb9240858b20e20f9edb08d791ca87.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Сафири Русия Анатолий Антонов пас аз тақрибан се моҳ дар Маскав рӯзи якшанбе ба Вашингтон баргашт.Бар хабари манбеи ТАСС, тақрибан соати 18:00 - и рӯзи 21 июн Антонов бо мошини хизматӣ ба қаламрави сафорати Русия дар Вашингтон ворид шуд.Чанд соат қабл аз ин, ӯ бо як парвози мунтазам тариқи ҳавопаймои "Аэрофлот" дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедӣ фурӯд омад ва дар он ҷо ӯро дипломатҳои Русия пешвоз гирифтанд. Муносибатҳои Русияву Амрико пас аз як мусоҳибаи Ҷо Байден, ки Русияро барои дахолат ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ муттаҳам намуда буд, боз ҳам сардтар шуд.Сарвари Кохи Сафед ҳатто Владимир Путинро "қотил" номид.Пас аз ин мусоҳиба, Русия сафирашро аз Вашингтон барои машварат бозхонд. Ҳамин тариқ Антонов аз 21 март то мобайнҳои моҳи ҷорӣ дар Русия монд ва сафири ИМА дар Русия Ҷон Салливан низ рӯзи 22 апрел барои машварат ба Вашингтон рафт.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июн дар Женева нишасти Русияву Амрико баргузор шуд. Ташаббусгари доир шудани ин дидор Ҷо Байден буд. Пас аз мулоқот, Путин ва Байден дар бораи бозгашти сафирон ба мувофиқа расиданд. Онҳо инчунин вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои суботи стратегӣ, инчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус ва ҳалли низоъҳои минтақавиро баррасӣ карданд.Феълан маълум нест, ки сафири Амрико дар Русия, Ҷон Салливан кай бармегардад.
https://sputnik.tj/20210402/Antonov-munosibat-Rusiya-Amriko-1033120297.html
https://sputnik.tj/20210616/dastfishori-putin-bayden-navor-1040247187.html
вашингтон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101567/23/1015672360_0:0:2666:2000_1920x0_80_0_0_d89e5008f929622df13baafc91bc737a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафир, русия, вашингтон, анатолий антонов
сафир, русия, вашингтон, анатолий антонов
Сафири Русия дар Амрико ба Вашингтон баргашт
Анатолий Антонов пас аз се моҳи дар Русия мондан, ахиран ба Вашингтон баргашт
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Сафири Русия Анатолий Антонов пас аз тақрибан се моҳ дар Маскав рӯзи якшанбе ба Вашингтон баргашт.
Бар хабари манбеи ТАСС, тақрибан соати 18:00 - и рӯзи 21 июн Антонов бо мошини хизматӣ ба қаламрави сафорати Русия дар Вашингтон ворид шуд.
Чанд соат қабл аз ин, ӯ бо як парвози мунтазам тариқи ҳавопаймои "Аэрофлот" дар фурудгоҳи Ҷон Кеннедӣ фурӯд омад ва дар он ҷо ӯро дипломатҳои Русия пешвоз гирифтанд.
Муносибатҳои Русияву Амрико пас аз як мусоҳибаи Ҷо Байден, ки Русияро барои дахолат ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ муттаҳам намуда буд, боз ҳам сардтар шуд.
Сарвари Кохи Сафед ҳатто Владимир Путинро "қотил" номид.
Пас аз ин мусоҳиба, Русия сафирашро аз Вашингтон барои машварат бозхонд. Ҳамин тариқ Антонов аз 21 март то мобайнҳои моҳи ҷорӣ дар Русия монд ва сафири ИМА дар Русия Ҷон Салливан низ рӯзи 22 апрел барои машварат ба Вашингтон рафт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июн дар Женева нишасти Русияву Амрико баргузор шуд.
Ташаббусгари доир шудани ин дидор Ҷо Байден буд. Пас аз мулоқот, Путин ва Байден дар бораи бозгашти сафирон ба мувофиқа расиданд. Онҳо инчунин вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои суботи стратегӣ, инчунин масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи коронавирус ва ҳалли низоъҳои минтақавиро баррасӣ карданд.
Феълан маълум нест, ки сафири Амрико дар Русия, Ҷон Салливан кай бармегардад.