https://sputnik.tj/20210621/qaror-majlis-milli-taghyiri-joynom-sughd-nurobod-sangvor-1040348202.html
Қарори Маҷлиси миллӣ барои тағйири ҷойномҳо дар Суғд ва ноҳияҳои Нурободу Сангвор
Қарори Маҷлиси миллӣ барои тағйири ҷойномҳо дар Суғд ва ноҳияҳои Нурободу Сангвор
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйири бархе аз ҷойномҳоро дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тасдиқ кард
2021-06-21T20:17+0500
2021-06-21T20:17+0500
2021-06-21T20:17+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
маҷлиси миллӣ
қарор
ҷуғрофия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/42/1031474295_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_32db1fcdecb76b61bdf666ef5c7241b2.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ пешниҳоди Ҳукумат барои тағйири ҷойномҳоро қабул кард. Тибқи иттилои котиботи палатаи болоии парлумон, пешниҳодҳои Ҳукумат дар хусуси иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор тасдиқ гардиданд. Бар асоси қарори Ҳукумат, ки ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуда буд, дар шаҳри Исфара номи ҷамоати Шаҳрак ба Зумрад иваз карда шуда, деҳаҳои Чорқишлоқ -Чордеҳ ва Матпарӣ - Моҳпарӣ ном гирифтанд. Дар шаҳри Истаравшан деҳаи Ҳавотоғи ҷамоати Ниҷонӣ ба Шодобдеҳ ва Ҷарқӯрғони ҷамоати Зарҳалол ба Куҳандиж иваз шуданд. Дар шаҳри Конибодом ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов номи Фирӯзоба ва ҷамоати Эргаш Шарифов номи Куҳандиёрро гирифтанд. Дар Панҷакент номи деҳаи Қумсойи ҷамоати Сӯҷина ба Соҳил, Пушти қӯрғони ҷамоати Моғиён ба Пуштакуҳ, Авазалии ҷамоати Саразм ба Шоҳгузар, Соҳибназар ба Шоҳканд, Абдусамад ба Самадобод ва Раҷабалӣ ба Раҷабобод иваз шуданд. Дар ноҳияи Зафаробод маҳаллаи Ҳамид Алиев ба Суғдиён ва деҳаи Ҷомӣ ба Сомониён табдили ном кард. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳаҳои Котмаи ҷамоати Ғозиён номи Шоҳиён, Хилватқӯрғони ҷамоати Ёва – Қалъаманор, Аждарлии ҷамоати Исмоил – Ориён, Янгуқӯрғони ҷамоати Ҳайдар Усмонов – Деҳсор ва Қӯрғонча номи Куҳандеҳро гирифт. Дар ноҳияи Ашт деҳаи Сарқамиши ҷамоати Ифтихор ба Сарсабз ва деҳаи Қароқазони ҷамоати Меҳробод ба Чоҳи Исфаҳон иваз шуд.
https://sputnik.tj/20210316/Dashtisabz-Oriyon-hukumat-Dangara-Farkhor-Balkhi-1033009266.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/42/1031474295_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_92a33b62621584c69e2b361b95c13982.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҷлис, миллӣ, тағйир, қонун, ҷойном, қарор
маҷлис, миллӣ, тағйир, қонун, ҷойном, қарор
Қарори Маҷлиси миллӣ барои тағйири ҷойномҳо дар Суғд ва ноҳияҳои Нурободу Сангвор
Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйири бархе аз ҷойномҳоро дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ пешниҳоди Ҳукумат барои тағйири ҷойномҳоро қабул кард.
Тибқи иттилои котиботи палатаи болоии парлумон, пешниҳодҳои Ҳукумат дар хусуси иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғду ноҳияҳои Нуробод ва Сангвор тасдиқ гардиданд.
Бар асоси қарори Ҳукумат, ки ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуда буд, дар шаҳри Исфара номи ҷамоати Шаҳрак ба Зумрад иваз карда шуда, деҳаҳои Чорқишлоқ -Чордеҳ ва Матпарӣ - Моҳпарӣ ном гирифтанд.
Дар шаҳри Истаравшан деҳаи Ҳавотоғи ҷамоати Ниҷонӣ ба Шодобдеҳ ва Ҷарқӯрғони ҷамоати Зарҳалол ба Куҳандиж иваз шуданд.
Дар шаҳри Конибодом ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов номи Фирӯзоба ва ҷамоати Эргаш Шарифов номи Куҳандиёрро гирифтанд.
Дар Панҷакент номи деҳаи Қумсойи ҷамоати Сӯҷина ба Соҳил, Пушти қӯрғони ҷамоати Моғиён ба Пуштакуҳ, Авазалии ҷамоати Саразм ба Шоҳгузар, Соҳибназар ба Шоҳканд, Абдусамад ба Самадобод ва Раҷабалӣ ба Раҷабобод иваз шуданд.
Дар ноҳияи Зафаробод маҳаллаи Ҳамид Алиев ба Суғдиён ва деҳаи Ҷомӣ ба Сомониён табдили ном кард.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров деҳаҳои Котмаи ҷамоати Ғозиён номи Шоҳиён, Хилватқӯрғони ҷамоати Ёва – Қалъаманор, Аждарлии ҷамоати Исмоил – Ориён, Янгуқӯрғони ҷамоати Ҳайдар Усмонов – Деҳсор ва Қӯрғонча номи Куҳандеҳро гирифт.
Дар ноҳияи Ашт деҳаи Сарқамиши ҷамоати Ифтихор ба Сарсабз ва деҳаи Қароқазони ҷамоати Меҳробод ба Чоҳи Исфаҳон иваз шуд.