https://sputnik.tj/20210621/piruzi-timi-dushanbe-hendbol-1040333132.html
Пирӯзии тими Душанбе дар сабқати ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳендбол
Пирӯзии тими Душанбе дар сабқати ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳендбол
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳендбол хабар дод
2021-06-21T12:44+0500
2021-06-21T12:44+0500
2021-06-21T12:44+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
пирӯзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040332567_0:0:751:423_1920x0_80_0_0_6e2c1034567ad459011c878bab06bc03.png
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба ҳендбол баргузор шуд.Манбаъ аз қавли раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон, Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, афзуд, ки дар мусобиқа 7 даста – Душанбе -1, Душанбе - 2, ШНТМ -1, ШНТМ - 2, Хатлон - 1, ВМКБ ва Суғд ширкат карданд. Тимҳои мазкур тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд.Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сабқат дастаи Душанбе - 2 бо гирифтани 12 хол ҷои аввалро сазовор шуд. Тими ВМКБ бо 10 хол ҷои дуюм, Душанбе - 1 бо 8 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд.Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30-юми июн идома меёбад. Дар доираи ин барнома, бархе аз мусобиқаҳо аллакай баргузор шуда, рӯзҳои 18-22 июн мусобиқаи баскетбол миёни мардон, 23-27 июн мусобиқаи волейбол миёни мардон, 24-25 июн мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 25-29 июн мусобиқаи бокс ва 28-29 июн мусобиқаи камонварӣ доир мегарданд.
https://sputnik.tj/20210621/shomahmadov-taekwondo-beirut-open-medal-birinji-1040332404.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040332567_0:0:667:500_1920x0_80_0_0_527532b5a87d8331c49a59d58c0987b6.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мусобиқа, бозӣ, ҳендбол, ҷумҳуриявӣ
мусобиқа, бозӣ, ҳендбол, ҷумҳуриявӣ
Пирӯзии тими Душанбе дар сабқати ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳендбол
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи ҳендбол хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2021 дар шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба ҳендбол баргузор шуд.
Манбаъ аз қавли раиси Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон, Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, афзуд, ки дар мусобиқа 7 даста – Душанбе -1, Душанбе - 2, ШНТМ -1, ШНТМ - 2, Хатлон - 1, ВМКБ ва Суғд ширкат карданд. Тимҳои мазкур тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ карданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сабқат дастаи Душанбе - 2 бо гирифтани 12 хол ҷои аввалро сазовор шуд. Тими ВМКБ бо 10 хол ҷои дуюм, Душанбе - 1 бо 8 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон - 2021 ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз рӯи 15 намуди варзиш то 30-юми июн идома меёбад.
Дар доираи ин барнома, бархе аз мусобиқаҳо аллакай баргузор шуда, рӯзҳои 18-22 июн мусобиқаи баскетбол миёни мардон, 23-27 июн мусобиқаи волейбол миёни мардон, 24-25 июн мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 25-29 июн мусобиқаи бокс ва 28-29 июн мусобиқаи камонварӣ доир мегарданд.