https://sputnik.tj/20210621/obuhavo-tojikiston-1040329431.html
Боди шадид ва тӯфони чангу ғубор: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон
Боди шадид ва тӯфони чангу ғубор: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавои Тоҷикистон имрӯз ноустувор хоҳад шуд. Ҷойе борон ба барф табдил меёбаду ҷойе боди шадид мевазад
2021-06-21T10:01+0500
2021-06-21T10:01+0500
2021-06-21T11:18+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
раъду барқ
обу ҳаво
бод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102356/72/1023567250_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_99a3aa26f40b6d1d7c829716ff185d99.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мекунад.Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои алоҳидаи ВМКБ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар қисмати шарқии ин вилоят ҳатто боридани барф низ дар назар аст. Бод аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар шарқи вилоят рузона 9+14 дараҷа гарм ва шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарб бошад рӯзона 23+28 ва шабона 8+13 дараҷа ҳаво гарм хоҳад шуд.Ҳавои вилояти Суғд ҳам ноустувор аст. Боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Вазиши бод дар як сония 25-25 метр хоҳад шуд. Дамои ҳаво бошад рӯзона 29+34 ва шабона 18+23 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Хатлон боридани борон дар назар нест. Аммо вазиши боди шадид дар як сония то 20-25 метр мерасад. Рӯзона ҳаво 36+41 ва шабона 21+26 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бориши сусти борон борон пешбинӣ шудааст. Раъду барқ, чангу ғубор ва вазиши шамоли сахт пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20210620/rekord-maskav-garmo-toqatfarso-1040325152.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102356/72/1023567250_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_47fc7ceab0bcde15fc898adc26637ddd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, обу ҳаво
Боди шадид ва тӯфони чангу ғубор: пешгӯии обуҳаво дар Тоҷикистон
10:01 21.06.2021 (Навсозишуда: 11:18 21.06.2021) Ҳавои Тоҷикистон имрӯз ноустувор хоҳад шуд. Ҷойе борон ба барф табдил меёбаду ҷойе боди шадид мевазад
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои алоҳидаи ВМКБ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар қисмати шарқии ин вилоят ҳатто боридани барф низ дар назар аст. Бод аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад.
Дамои ҳаво дар шарқи вилоят рузона 9+14 дараҷа гарм ва шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарб бошад рӯзона 23+28 ва шабона 8+13 дараҷа ҳаво гарм хоҳад шуд.
Ҳавои вилояти Суғд ҳам ноустувор аст. Боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Вазиши бод дар як сония 25-25 метр хоҳад шуд. Дамои ҳаво бошад рӯзона 29+34 ва шабона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон боридани борон дар назар нест. Аммо вазиши боди шадид дар як сония то 20-25 метр мерасад. Рӯзона ҳаво 36+41 ва шабона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бориши сусти борон борон пешбинӣ шудааст. Раъду барқ, чангу ғубор ва вазиши шамоли сахт пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.