Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Наздик 12 миллион сомонӣ: хисороти расида аз муноқишаи марзӣ

© SugdNewsРазрушенные дома в селах Ходжаи Аъло и Сомониён джамоата Чоркух города Исфара
Разрушенные дома в селах Ходжаи Аъло и Сомониён джамоата Чоркух города Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Рухдоди муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ барои кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон хисороти бузурги иқтисодӣ дар пай гузоштааст, ки он бо миллион сомонии тоҷикӣ ва соми қирғизӣ ҳисоб шудааст
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар пайи таҳқиқ ҳаҷми зарари расида аз муқовимати низомии марзӣ дар рӯзҳои 29 ва 30 апрелро муайян намудаанд.
Манобеъи наздик ба КҲФ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳаҷми хисроти расида аз муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо қирғизҳоро шарҳ дододанд. Бино ба иттилоъи ироашуда, ҳаҷми зарари расида дар шаҳри Исфара ба 11 миллиону 954 ҳазору 772 сомонӣ ҳисоб карда шудааст.

“Кормандони КҲФ зимни санҷиш дар шаҳри Исфара ин рақамро муайян кардаанд. Ҳаҷми зарари расида аз муноқишаи марзӣ дар ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров берун аз ин рақамҳо аст”, гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол манобеъ аз ҷамоати Овчи - Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров дар бораи хисороти расида аз муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо дар ин ҷамоат иброз намуданд.
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дастури Содир Ҷабборов дар барои тафтиши муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон
Як масъули ҷамоати Овчи - Қалъача дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хисроти расида аз муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо ҳудуди 53 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

“Бино ба арзёбии КҲФ ноҳия бар асари муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ ду хонаи истиқоматӣ пурра сӯхта, қисме аз бинои мактаби № 71 ва ҳам шуморе аз хонаҳои сокинон кам - кам зарар дидаанд”, - гуфт манбаъ.

Маъруф Муҳаммадзода, сардори Ситоди бартарафсозии паёмадҳои муноқишаи марзӣ қаблан дар суҳбат ба SputnikТоҷикистон гуфта буд, ки бар асари муноқишаи марзӣ дар умум дар се ҷамоати шаҳри Исфара: Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух ва деҳаи Овчи - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳудуди 40 манзил қисман ва пурра хароб шудаанд.

“Аз ин шумора беш аз 18 манзил сар аз таҳкурсӣ ба пуррагӣ нав карда шудаистодаанд”, - гуфт Муҳаммадзода.

Бино ба арзёбии масъулони КҲФ бар асари таниши мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон хисороти расида дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Б. Ғафуров дар умум 12 миллион сомонӣ, муодили 1, 5 милион доллари амрикоӣ рақам зада мешавад.
Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сиёсатшиноси ҳарбӣ гуфт, муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба кӣ манфиат меорад
Ҷониби Қирғизистон ҳам дар бораи хисороти расида аз паёмади муноқишаи марзиро нашр намудааст. Ирисбек Ҷолдошбоев, масъулони КҲФ ин кишвар дар бораи тахриби 220 иншоот ба ҳисоби 138 хонаи истиқоматӣ хабар дода, ҳаҷми аз ин ҳисоб расидаро ба 1 милиарду 305 миллион соми қирғизӣ баробар шумурдааст.
Лентаи хабарҳо
0