Меркел ҳуҷуми немисҳоро ба СССР мояи шарм гуфт

© AFP 2023 / TOBIAS SCHWARZКанцлер Германии Ангела Меркель
Канцлер Германии Ангела Меркель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Ангела Меркел таъкид кард, ки Олмон то ҳол уҳдадори ин ҷанги истилогарона аст
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дар арафаи 80-солагии ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба СССР садри аъзами Олмон Ангела Меркал ин рӯзро "мояи шарм" номид, хабар медиҳад RT дар истинод ба N-TV.
"Шарм аз ҳуҷуми бераҳмона ва ҳамаи он чизҳои даҳшатнок, ки немисҳо дар ҳудудҳои таҳаҷҷумшуда анҷом доданд", - изҳор дошт вай.
"Мо бо тавозӯъ назди ҳамаи онҳое, ки он ҷанги истилогаронаро пушти сар карданд сар хам мекунем", - афзудааст роҳбари Олмон.
Канцлер Германии Ангела Меркель  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Меркел аз мақомаш меравад: садри аъзами нави Олмон кӣ мешавад?
Вай афзудааст, ки дар ҳамин ҳол барои дасти оштӣ додани мардуми иттиҳод сипосгузор аст.
"Мо хело сипосгузорем, ки бештари ин ин афарон дасти оштӣ доданд. Олмон то ҳол барои ҷиноятҳои режими фашистӣ уҳдадор аст. Онҳоро наметавон фаромӯш кард", - таъкид кард вай.
Бо ин мо дар назди ҳазорон қурбониён ва наслҳои онҳо қарздорем, афзуд Ангела Меркел.
"Афсона" – ҳои ғарбӣ: чаро Ғалабаи Бузургро наметавон аз мардуми Шӯравӣ рабуд?
Ӯ ҳамчунин ёдрас шуд, ки сиёсати шаффоф ва бозсозии роҳбари советӣ Михаил Горбачёв дар солҳои 1990-ум ба Олмон имконият дод, ки бо роҳи осоишта муттаҳид шавад.
"Кишвари ман барои ин ҳам миннатдор аст", - таъкид кард канслер.
Лентаи хабарҳо
0