Фармони Президент: теъдоди кормандони тобеи Озода Раҳмон афзоиш ёфт

© Sputnik / Амир ИсаевОзода Рахмон
Озода Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як фармон теъдоди воҳидҳои кории Дастгоҳи президентро зиёд кард
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон бо имзои як фармон теъдоди воҳидҳои кории Дастгоҳи иҷроияи президентро 351 адад муайян кард. Бар асоси фармон, дар ин шумора ҳайати кормандони техникӣ шомил намебошанд.
Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки роҳбарияшро Озода Раҳмон ба уҳда дорад, дастур гирифтааст, ки тағйиру иловаҳоро ба ҷадвали корӣ ворид созанд.
Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки бо назардошти тағйири теъдоди кормандони дастгоҳ, ҷудо намудани маблағро таъмин созад.
Озода Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2021
Бахилӣ накунед: супориши омодаи ҷои кор барои хатмкунандагон дар хориҷ ба Озода Раҳмон
Тайи солҳои охир бо дастурҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ба теъдоди кормандони Дастгоҳи иҷроияи президент, ки ҳудуди 270 нафарро ташкил медоданд, чанд бор воҳидҳои иловагӣ зам гардида, бар асоси тағйироти охир то ба 351 нафар расид.
Тобистони соли гузашта, бо фармони раисиҷумҳур дар сохтори Дастгоҳи перезидент, Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот ташкил гардида буд. Ҳадафи ташкили раёсат таҳкими таҳлили кор дар бахши маориф, фарҳанг ва иттилоот арзёбӣ шуда, раёсат ба ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди сиёсати давлатӣ дар умури таълиму тарбияи ҷавонон ва рушди варзиш арзёбӣ гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0