Барои демократикунонии ҷомеа: Аҳмадзода дар Суғд озмун эълон кард

© Foto / Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд чун анъана озмун барои муайян намудани беҳтарин маводи журналистӣ эълон шудааст
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, қарор кардааст, ки озмуни вилоятӣ барои муайян намудани беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони “Хомаи созанда” гузаронида шавад.
Тибқи иттилои котиботи раиси Суғд, озмуни анъанавии “Хомаи созанда” бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон мебошад, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Журналисты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2019
Ҳукумати Суғд ғолибони озмуни рӯзноманигориро эълон кард
Ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон, аз ҳадафҳои дигари озмун арзёбӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки озмуни имсола дар номинаҳои “Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ”, “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ” гузаронида мешавад.
Дар низомномаи озмун омадааст, ки дар ҳар бахш матолиби чопӣ, интернетӣ ва радиою телевизионӣ арзёбӣ хоҳанд шуд ва ҷоизадорон то 6 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ хоҳанд гирифт.
Хазинаи умумии мукофотпулӣ 132 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0