Чин хариди нафтро аз Арабистони Саудӣ коҳиш дод

© AP / LESLIE MAZOCHНасос на нефтедобывающей станции
Насос на нефтедобывающей станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Давлати Чин дар моҳи июн хариди нафт аз Арабистони Саудиро ба маротиб коҳиш дод
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Бар асоси оморҳои идораи кулли гумруки Чин, ин кишвар дар моҳи июн - дар қиёс бо моҳи май - 21 дарсад камтар аз Арабистон Саудӣ нафт харидорӣ кардааст. Гумруки чинии харидори нафт шуда аз Арабистонро 7 миллиону 200 ҳазор тонна (1 миллиону 690 ҳазор бушка ) эълом кард, иттилоъ додааст Reuters.
Чин дар моҳи апрел 6 миллиону 470 ҳазор ва дар моҳи май 9 миллиону 160 ҳазор бушка нафт аз Арабистони Саудӣ харидорӣ карда буд.
Чиниҳо хариди нафт аз Имороти муттаҳидаи Арабиро низ коҳиш додаанд. Хариди нафти Иморот дар моҳи июн нисбат ба моҳи қабл, 25 дарсад коҳиш доштааст.
Американский нефтяник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2021
Нафт ба таҳрим рабт надорад: хариди рекордии нафти Русия аз ҷониби Амрико
Амрико низ бо баҳрабардорӣ аз таҳримҳое, ки ба Венесуэла таҳмил кардааст, дар моҳи июн фурӯши нафт ба Чинро 100 дарсад афзоиш дод.
Амрикоиҳо дар ин моҳ 1 миллиону 70 ҳазор бушка нафт ба Чин фурӯхтааст.
Лентаи хабарҳо
0