https://sputnik.tj/20210621/-sitorai-varzishi-hinduston-koronavirus-darguzasht-1040349612.html
Баъди марги ҳамсар: ситораи варзиши Ҳиндустон аз коронавирус даргузашт
Баъди марги ҳамсар: ситораи варзиши Ҳиндустон аз коронавирус даргузашт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамагӣ як моҳ пеш ӯ ва ҳамсараш баъди ташхиси коронавирус ба бемористон бистарӣ шуда буданд 21.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-21T21:47+0500
2021-06-21T21:47+0500
2021-08-10T17:02+0500
дар ҷаҳон
фарҳанг
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103109/10/1031091051_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_4281d7048cf3b9587fe4ae6c15fd250b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Милко Сингх-устураи варзиши Ҳинд, ки бо номи Сигхи паранда ҳам машҳур буд, баъди панҷ рӯзи даргузашти ҳамсараш аз коронавирус дар синни 91-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Зану шавҳар ба иллати мубтало шудан ба вируси корона дар бемористон бистарӣ буданд ва панҷ рӯз пеш ҳамсараш даргузашт ва ҳоло худи ӯ низ аз олам рафт, гузориш медиҳад вебгоҳи КҲФ дар истинод ба расонаҳои Ҳиндустон.Милко Сингх дар ҷавонӣ, ҳангоми хидмат дар сафи артиши Ҳинд ба ин варзиш муаррифӣ шуд. Вай танҳо варзишкори ҳиндӣ буд, ки муваффақ ба дарёфти медали тилло шуда буд. Сингх Ҳиндро дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр дар бозиҳои Олимпиадаи Мелбурн намояндагӣ кард, вале натавонист ба финал расад. Соли 1958 вай дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр дар бозиҳои миллии Ҳинд дар Каттак рекорд гузошт ва дар бозиҳои Осиёӣ дар Токио боз ҳам дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр пирӯз шуд. Комёбиҳои варзишии Сингх боис шуд, ки аз сипуӣ (анг. Sepoy – унвоне буд, ки ба сарбозони ҳиндӣ дода мешуд. Ин истилоҳ ва унвони низомӣ имрӯз ҳам дар артиши Ҳинд, неруҳои заминии Покистон, Непал ва Бангландеш вуҷуд дорад) ба афсари хурд гузашт.Дар Ҳиндустон навзодро барои духтар буданаш ба дарё андохтанд: тифл наҷот ёфт Ҳамзамон вай сарвари шуъбаи варзиши Вазорати мудофиаи иёлоти Панҷоб таъин шуда буд. Соли 1958 вай сазовору шоистаи чорумин мукофоти шаҳрвандии Падмо Шри (чаҳорумин ҷоизаи бузурги давлатӣ, ки тавассути давлати Ҳинд ба афроди ғайринизомӣ эъто мешавад) гашт ва соли 2001 ба ҷоизаи Арджуна барои дастовардҳои варзишӣ пешбарӣ шуд, вале ӯ аз гирифтани ин ҷоиза даст кашид. Вай ҳамаи ордену медалҳои варзишии худро ба бойгонии миллат супурд. Онҳоро аввал дар варзишгоҳи ба номи Ҷовоҳирирлаъл Неру дар Деҳлӣ ва баъдан ба осорхонаи варзиши Патиал супурданд. Соли 2013 бо шарикмуаллифии духтараш Сония китоби тарҷумаиҳолии худро нашр кард. Миёнаҳои солҳои 1950 ҳангоми зидмати ҳарбӣ дар Сейлон бо ҳамсари ояндаи худ, ки ӯ низ варзишкор ва сарвари тими варзиши волейболи бонувон буд, шинос шуд ва соли 1962 ақди никоҳ бастанд. То охирин лаҳзаҳои умр бо ҳамон ишқи ҷавонӣ канори ҳам зистанд, соҳиби се духтар ва як писар шуданд. Соли 1999 онҳо писарбачаи ҳафтсолаеро, ки падараш дар ҷанги Каргил (миёни Ҳинд ва Покистон) кушта шуда буд, ба фарзандхондагӣ қабул карданд. 21-уми майи соли равон Милко Сингх ва ҳамсараш бо ташхиси COVID-19 бистарӣ шуданд Нирмал Каур – ҳамсари ӯ рӯзи 13 июн фавтид ва баъди 5 рӯз, 18 июн Милко низ аз олам рафт.
https://sputnik.tj/20210621/hinduston-navi-nav-koronavirus-1040333579.html
https://sputnik.tj/20210621/favri-dar-tojikiston-boz-koronavirus-ba-qayd-girifta-shud-1040344973.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103109/10/1031091051_107:0:2838:2048_1920x0_80_0_0_9beedc808f3fd85d019fd950bd5b7177.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, фарҳанг, тандурустӣ, коронавирус
дар ҷаҳон, фарҳанг, тандурустӣ, коронавирус
Баъди марги ҳамсар: ситораи варзиши Ҳиндустон аз коронавирус даргузашт
21:47 21.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Ҳамагӣ як моҳ пеш ӯ ва ҳамсараш баъди ташхиси коронавирус ба бемористон бистарӣ шуда буданд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Милко Сингх-устураи варзиши Ҳинд, ки бо номи Сигхи паранда ҳам машҳур буд, баъди панҷ рӯзи даргузашти ҳамсараш аз коронавирус дар синни 91-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Зану шавҳар ба иллати мубтало шудан ба вируси корона дар бемористон бистарӣ буданд ва панҷ рӯз пеш ҳамсараш даргузашт ва ҳоло худи ӯ низ аз олам рафт, гузориш медиҳад вебгоҳи КҲФ дар истинод ба расонаҳои Ҳиндустон.
Милко Сингх дар ҷавонӣ, ҳангоми хидмат дар сафи артиши Ҳинд ба ин варзиш муаррифӣ шуд. Вай танҳо варзишкори ҳиндӣ буд, ки муваффақ ба дарёфти медали тилло шуда буд.
Сингх Ҳиндро дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр дар бозиҳои Олимпиадаи Мелбурн намояндагӣ кард, вале натавонист ба финал расад. Соли 1958 вай дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр дар бозиҳои миллии Ҳинд дар Каттак рекорд гузошт ва дар бозиҳои Осиёӣ дар Токио боз ҳам дар давидан ба масофаи 200 ва 400 метр пирӯз шуд.
Комёбиҳои варзишии Сингх боис шуд, ки аз сипуӣ (анг. Sepoy – унвоне буд, ки ба сарбозони ҳиндӣ дода мешуд. Ин истилоҳ ва унвони низомӣ имрӯз ҳам дар артиши Ҳинд, неруҳои заминии Покистон, Непал ва Бангландеш вуҷуд дорад) ба афсари хурд гузашт.
Ҳамзамон вай сарвари шуъбаи варзиши Вазорати мудофиаи иёлоти Панҷоб таъин шуда буд. Соли 1958 вай сазовору шоистаи чорумин мукофоти шаҳрвандии Падмо Шри (чаҳорумин ҷоизаи бузурги давлатӣ, ки тавассути давлати Ҳинд ба афроди ғайринизомӣ эъто мешавад) гашт ва соли 2001 ба ҷоизаи Арджуна барои дастовардҳои варзишӣ пешбарӣ шуд, вале ӯ аз гирифтани ин ҷоиза даст кашид.
Вай ҳамаи ордену медалҳои варзишии худро ба бойгонии миллат супурд. Онҳоро аввал дар варзишгоҳи ба номи Ҷовоҳирирлаъл Неру дар Деҳлӣ ва баъдан ба осорхонаи варзиши Патиал супурданд. Соли 2013 бо шарикмуаллифии духтараш Сония китоби тарҷумаиҳолии худро нашр кард.
Миёнаҳои солҳои 1950 ҳангоми зидмати ҳарбӣ дар Сейлон бо ҳамсари ояндаи худ, ки ӯ низ варзишкор ва сарвари тими варзиши волейболи бонувон буд, шинос шуд ва соли 1962 ақди никоҳ бастанд. То охирин лаҳзаҳои умр бо ҳамон ишқи ҷавонӣ канори ҳам зистанд, соҳиби се духтар ва як писар шуданд.
Соли 1999 онҳо писарбачаи ҳафтсолаеро, ки падараш дар ҷанги Каргил (миёни Ҳинд ва Покистон) кушта шуда буд, ба фарзандхондагӣ қабул карданд.
21-уми майи соли равон Милко Сингх ва ҳамсараш бо ташхиси COVID-19 бистарӣ шуданд Нирмал Каур – ҳамсари ӯ рӯзи 13 июн фавтид ва баъди 5 рӯз, 18 июн Милко низ аз олам рафт.