https://sputnik.tj/20210620/pas-az-safar-mirziyoev-darahtonro-beh-kardand-1040325428.html
Чаро пас аз сафари Мирзиёев, дар Андиҷон дарахтонро аз бех карданд - посухи ҳокимият
Чаро пас аз сафари Мирзиёев, дар Андиҷон дарахтонро аз бех карданд - посухи ҳокимият
Sputnik Тоҷикистон
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуда, ки нишон медиҳад, чӣ гуна дар вилояти Андиҷон пас аз сафари президент дарахтони ороишӣ аз бех карда мешаванд.
2021-06-20T17:02+0500
2021-06-20T17:02+0500
2021-06-20T17:14+0500
иҷтимоъ
президент
ӯзбекистон
дарахтон
шавкат мирзиёев
андиҷон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102699/74/1026997438_0:123:3205:1925_1920x0_80_0_0_cb69b2c05809784c1431fde80b7a41bb.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Рӯзи ҷумъа, 18 июн, Шавкат Мирзиёев бо сафари дурӯза ба вилояти Андиҷон рафт ва ахиран ба Тошканд баргашт. Рӯзи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ як наворе паҳн шуд, ки нишон медиҳад, чӣ гуна мошинҳои махсус дар ҷое дарахтони ороиширо аз бех карда ва ҷое мебаранд, менависад Sputnik Ӯзбекистон.Бисёре аз аҳолии шаҳр гуфтанд, ки ин ба сабаби ба охир расидани сафари президент аст, аммо ҳукумати вилояти Андиҷон ин маълумотро рад кард. Маъмурият фаҳмонд, ки навор лаҳзаеро сабт кардааст, ки мақомоти шаҳр корҳои ободониро анҷом медиҳанд. Корҳои ободонӣ дар қитъаи 50-метрӣ дар роҳ гузаронида шуданд. Бо тавсияи экологҳо барои парвариши минбаъдаи ниҳолҳо шароити зарурии агротехникӣ фароҳам оварда шуд. Флешкаро нахӯрд, аммо танбеҳ гирифт: дар Самарқанд қазияи наворбардориро шарҳ доданд Дар айни замон, дарахтони ороишӣ аллакай ба ҷои худ баргардонида шуданд.
ӯзбекистон
андиҷон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102699/74/1026997438_236:0:2967:2048_1920x0_80_0_0_b15148fad24c098f2c19dd2138713631.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
андиҷон, президент, сафар,
андиҷон, президент, сафар,
Чаро пас аз сафари Мирзиёев, дар Андиҷон дарахтонро аз бех карданд - посухи ҳокимият
17:02 20.06.2021 (Навсозишуда: 17:14 20.06.2021) Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуда, ки нишон медиҳад, чӣ гуна дар вилояти Андиҷон пас аз сафари президент дарахтони ороишӣ аз бех карда мешаванд.
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Рӯзи ҷумъа, 18 июн, Шавкат Мирзиёев бо сафари дурӯза ба вилояти Андиҷон рафт ва ахиран ба Тошканд баргашт.
Рӯзи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ як наворе паҳн шуд, ки нишон медиҳад, чӣ гуна мошинҳои махсус дар ҷое дарахтони ороиширо аз бех карда ва ҷое мебаранд, менависад Sputnik Ӯзбекистон.
Бисёре аз аҳолии шаҳр гуфтанд, ки ин ба сабаби ба охир расидани сафари президент аст, аммо ҳукумати вилояти Андиҷон ин маълумотро рад кард.
Маъмурият фаҳмонд, ки навор лаҳзаеро сабт кардааст, ки мақомоти шаҳр корҳои ободониро анҷом медиҳанд.
"Бо мақсади осеб нарасондан ба гулҳо дар ҷараёни кабудизоркунӣ, дарахтонро бо истифода аз мошин як муддат ба ҷои сояафкан кӯчонанд", - гуфтанд дар ҳокимият.
Корҳои ободонӣ дар қитъаи 50-метрӣ дар роҳ гузаронида шуданд. Бо тавсияи экологҳо барои парвариши минбаъдаи ниҳолҳо шароити зарурии агротехникӣ фароҳам оварда шуд.
Дар айни замон, дарахтони ороишӣ аллакай ба ҷои худ баргардонида шуданд.