Маслиҳати Путин ба русҳо ҳангоми мавҷи сеюми коронавирус

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин , архивное фото
Президент РФ Владимир Путин , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2021
Обуна шудан
Сарвари давлати Русия гуфт, ки сокинони ҳангоми мавҷи сеюми коронавирус чӣ кор бояд кунанд
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар анҷумани ҳизби "Русияи воҳид" сокинони кишварро ба эмгузаронӣ аз коронавирус даъват кард.
"Ваксин гирифтан аз беморӣ беҳтар аст", - раҳбари Русия.
Ба гуфтаи ӯ, оқибатҳои COVID-19 то ҳол омӯхта мешаванд, бояд дид, ки ин ба куҷо оварда мерасонад.
Илова бар ин, Путин зарурати дар Русия татбиқ кардани барномаи офаридани системаи барқарорсозиро пас аз коронавирус, ки то соли 2026 ба миқдори на камтар аз 100 миллиард рубл ҳисоб карда шудааст, эълон кард.
Президенти Федератсияи Русия Ҳукумат ва Вазорати тандурустии кишварро ба кор дар ҳолати доимӣ даъват кард.
Зимни баромади худ роҳбари Русия гуфт, ки навсозии технологӣ ва таҳкими кадрҳои соҳаи тандурустӣ афзалияти аввалиндараҷаи давлат аст.
В Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться Спутником V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Муҳоҷиронро дар Маскав эм мекунанд
"Навсозии технологии системаи тандурустӣ, таҳкими нерӯи кадрии он, ташкили кори ҳама поликлиникаҳо ва беморхонаҳо барои азолӣ вазифаи аввалиндараҷаи мост", - таъкид кард Путин.
Вай ишора кард, ки барномаҳои махсуси минтақавӣ аз соли 2021 оғоз ёфтаанд. Онҳо ба навсозии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ нигаронида шудаанд. Барои ин давлат 550 миллиард рубл ҷудо мекунад.
Путин ёдовар шуд, ки 20 июн Русия Рӯзи корманди тибро ҷашн мегирад. Вай аз иштирокчиёни конгресс хоҳиш кард, ки ба табибон бо кафкӯбӣ ташаккур гӯянд.
Лентаи хабарҳо
0