https://sputnik.tj/20210619/chorieva-sokinoni-dushanbe-mashq-pagohiruzi-aks-1040312644.html
Чориева бо сокинони Душанбе машқи пагоҳирӯзӣ гузаронд - акс
Чориева бо сокинони Душанбе машқи пагоҳирӯзӣ гузаронд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки ҳар сол 23 июн ҷашн гирифта мешавад, имсол бо баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз гардиданд
2021-06-19T13:38+0500
2021-06-19T13:38+0500
2021-07-21T19:33+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мавзуна чориева
бозиҳои олимпии пекин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/13/1040312547_0:39:750:461_1920x0_80_0_0_fa02e374bae823e1171315c3d3bf538b.png
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе сокинони касбу кори гуногун бо роҳбарии Мавзуна Чориева, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 машқи пагоҳирӯзӣ гузаронданд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ҳамчунин, дар робита ба Рӯзи олимпӣ, Бозиҳои олимпӣ, ҳаракати олимпӣ маҳфили саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳо ва шаҳодатномаи Кумита сарфароз гардиданд. Таъкид шуд, ки чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар шаҳри Душанбе то 23 июн идома меёбанд. Манбаъ иттилоъ дод, ки моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар бораи эълон кардани 23 июн ҳамчун Рӯзи олимпӣ қарор қабул шуд ва 73 сол мешавад, ки тамоми кишварҳо ин рӯзро ҷашн мегиранд. Зикр шуд, ки 23 июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса зимни Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барони фаронсавӣ Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард, инчунин Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, чорабиниҳои асосии Рӯзи олимпӣ марафони дав ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз, ҳамчунин мусобиқаҳои дигари варзишӣ, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, шоу-барномаҳо, мулоқот бо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва ғайра баргузор мешаванд, таъкид кард манбаъ.
https://sputnik.tj/20190619/Mashqi-dastajamonai-5-hazor-nafar-dar-Dushanbe-1029194053.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/13/1040312547_42:0:709:500_1920x0_80_0_0_4e1ef00f064a8e04587c93c2e43ef95f.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
машқ, пагоҳирӯзӣ, кумитаи миллии олимпӣ, мавзуна чориева
машқ, пагоҳирӯзӣ, кумитаи миллии олимпӣ, мавзуна чориева
Чориева бо сокинони Душанбе машқи пагоҳирӯзӣ гузаронд - акс
13:38 19.06.2021 (Навсозишуда: 19:33 21.07.2021) Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ, ки ҳар сол 23 июн ҷашн гирифта мешавад, имсол бо баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе сокинони касбу кори гуногун бо роҳбарии Мавзуна Чориева, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 машқи пагоҳирӯзӣ гузаронданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ҳамчунин, дар робита ба Рӯзи олимпӣ, Бозиҳои олимпӣ, ҳаракати олимпӣ маҳфили саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳо ва шаҳодатномаи Кумита сарфароз гардиданд. Таъкид шуд, ки чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи олимпӣ дар шаҳри Душанбе то 23 июн идома меёбанд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар бораи эълон кардани 23 июн ҳамчун Рӯзи олимпӣ қарор қабул шуд ва 73 сол мешавад, ки тамоми кишварҳо ин рӯзро ҷашн мегиранд.
Зикр шуд, ки 23 июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса зимни Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барони фаронсавӣ Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард, инчунин Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, чорабиниҳои асосии Рӯзи олимпӣ марафони дав ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз, ҳамчунин мусобиқаҳои дигари варзишӣ, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, шоу-барномаҳо, мулоқот бо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва ғайра баргузор мешаванд, таъкид кард манбаъ.