https://sputnik.tj/20210618/ukraina-tojikiston-korhona-mushtarak-1040288281.html
Украина ва Тоҷикистон корхонаи муштарак месозанд
Украина ва Тоҷикистон корхонаи муштарак месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ширкати "Днепроэнергостал" - и Украина аз як қатор корхонаҳои коркарди пахта ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид мекунанд
2021-06-18T12:11+0500
2021-06-18T12:11+0500
2021-06-18T13:26+0500
дар тоҷикистон
украина
саноат
суғд
тақвияти ҳамкориҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040287848_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_0762b74b55c0f7310a437e106a03b714.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Украина ва Тоҷикистон корхонаи муштарак хоҳанд сохт, хабар медиҳад котиботи ҳукумати вилояти Суғд.Гуфта мешавад, ки раиси вилояти Суғд бо намояндагони ширкати "Днепроэнергостал"-и Украина, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо омадаанд, дидору мулоқот кардааст.Раҷаббой Аҳмадзода ва Вадим Осипенко, директори ширкати "Днепроэнергостал" зимни суҳбат аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намудаанд ва омодагии худро баҳри таҳкими робитаҳо баён доштаанд.Иттилоъ дода мешавад, ки ширкати "Днепроэнергостал" бо корхонаи воҳиди давлатии "Садаф" ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад.Ҳамзамон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо роҳбарияти Донишкадаи политехникӣ дидору вохӯриҳо доир хоҳанд кард.Дар баробари ин, намояндагони ширкати "Днепроэнергостал" аз як қатор корхонаҳои коркари пахта ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид карда, бо вазъи соҳаи саноати вилоят ва имкониятҳои мавҷуда баҳри ривоҷи ҳамкориҳо ошно мешаванд.
https://sputnik.tj/20210406/ukraina-tojikiston-namoish-nahsiloti-1034307967.html
украина
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040287848_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_11cf6d7c60f6e931ff31e895e635dcf6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамкорӣ, тоҷикистон, украина, тақвият
ҳамкорӣ, тоҷикистон, украина, тақвият
Украина ва Тоҷикистон корхонаи муштарак месозанд
12:11 18.06.2021 (Навсозишуда: 13:26 18.06.2021) Намояндагони ширкати "Днепроэнергостал" - и Украина аз як қатор корхонаҳои коркарди пахта ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид мекунанд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Украина ва Тоҷикистон корхонаи муштарак хоҳанд сохт, хабар медиҳад котиботи ҳукумати вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки раиси вилояти Суғд бо намояндагони ширкати "Днепроэнергостал"-и Украина, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо омадаанд, дидору мулоқот кардааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ва Вадим Осипенко, директори ширкати "Днепроэнергостал" зимни суҳбат аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намудаанд ва омодагии худро баҳри таҳкими робитаҳо баён доштаанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки ширкати "Днепроэнергостал" бо корхонаи воҳиди давлатии "Садаф" ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад.
Дар ҳамин замина, намояндагони ширкат зимни сафари худ ба вилоят бо роҳбарияти корхонаи "Садаф" масъалаи ташкили корхонаи муштаракро баррасӣ мекунанд.
Ҳамзамон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо роҳбарияти Донишкадаи политехникӣ дидору вохӯриҳо доир хоҳанд кард.
Дар баробари ин, намояндагони ширкати "Днепроэнергостал" аз як қатор корхонаҳои коркари пахта ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид карда, бо вазъи соҳаи саноати вилоят ва имкониятҳои мавҷуда баҳри ривоҷи ҳамкориҳо ошно мешаванд.