https://sputnik.tj/20210618/talabot-nav-vurud-shahrvandon-idm-rusiya-1040300687.html
Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия: аз кай ва чӣ гуна?
Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия: аз кай ва чӣ гуна?
Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои ИДМ даъват шуданд, ки ба замимаи "Путешествуй без COVID-19" (Сайёҳат бидуни COVID-19) ҳамроҳ шаванд. Ҳоло Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва... 18.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-18T16:34+0500
2021-06-18T16:34+0500
2021-06-18T18:11+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
вуруд
парвоз
идм
талабот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1e/1032186781_0:0:3137:1765_1920x0_80_0_0_2674490f73839458f4b9bc7483128185.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Аз 1 сентябр вуруд барои шаҳрвандони тамоми кишварҳои ИДМ аз ҷумла Тоҷикистон ба Федератсияи Русия танҳо тавассути замимаи "Путешествуй без COVID-19" имконпазир мешавад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки аз 1 июл вуруд ба Федератсияи Русия аз кишварҳои ИИАО танҳо тавассути низоми электронӣ амалӣ карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо иштироки сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Қазон, сарвазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки замимаи мобилии "Путешествуй без COVID - 19" имкон медиҳад, ки ҳаракати бехатари мусофирон зудтар равнақ ёбад.Аз аввали моҳи июн, Қазоқистон низ ба ин система пайваст.
https://sputnik.tj/20210610/rusiya-parvozho-tojikiston-afzoish-1040119643.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1e/1032186781_406:0:3137:2048_1920x0_80_0_0_42ef8c824f4aeafe22afa1eef4cb11c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуруд, парвоз, идм, талабот, дар русия
вуруд, парвоз, идм, талабот, дар русия
Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия: аз кай ва чӣ гуна?
16:34 18.06.2021 (Навсозишуда: 18:11 18.06.2021) Кишварҳои ИДМ даъват шуданд, ки ба замимаи "Путешествуй без COVID-19" (Сайёҳат бидуни COVID-19) ҳамроҳ шаванд. Ҳоло Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Қазоқистон дар лоиҳа фаъол ҳастанд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Аз 1 сентябр вуруд барои шаҳрвандони тамоми кишварҳои ИДМ аз ҷумла Тоҷикистон ба Федератсияи Русия танҳо тавассути замимаи "Путешествуй без COVID-19" имконпазир мешавад.
"Ҳамаи кишварҳо барои пайваст шудан ба ин замима даъват шуданд", - гуфт муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ, гузориш медиҳад @SputnikLive.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки аз 1 июл вуруд ба Федератсияи Русия аз кишварҳои ИИАО танҳо тавассути низоми электронӣ амалӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо иштироки сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Қазон, сарвазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки замимаи мобилии "Путешествуй без COVID - 19" имкон медиҳад, ки ҳаракати бехатари мусофирон зудтар равнақ ёбад.
Барои маълумот: "Сайёҳат бидуни COVID- 19" як барномаи мобилӣ мебошад, ки натиҷаҳои манфии санҷиши коронавирусро аз лабораторияҳои тасдиқшуда бор мекунад. Арманистон, Белорус, Қирғизистон ва Русия феълан дар ин лоиҳа кор мекунанд.
Аз аввали моҳи июн, Қазоқистон низ ба ин система пайваст.