Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба Осама ал Шафар барои баргузор кардани “Tour de Tajikistan”

© Sputnik Веломарафон в Душанбе
Веломарафон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва чорабинии дигари варзиширо таҳти унвони “Tour de Tajikistan” пешниҳод намудааст
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё, Осама ал Шафарро ба ҳузур пазируфта, масоили марбут ба варзиши велосипедронӣ ва рушди он дар минтақаро баррасӣ кардааст.
Зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ ба Осама ал Шафар гуфтааст, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе шароиту имконоти мувофиқ ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо шаҳри Душанбе метавонад мизбонӣ намояд.
Летний веломарафон в Душанбе
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Барои ҳифзи табиат: марафони велосипедронӣ дар Душанбе - видео
Дар ҷараёни мулоқот раиси шаҳри Душанбе баргузор намудани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва чорабинии дигари варзиширо таҳти унвони “Tour de Tajikistan” пешниҳод намудааст.
"Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки чорабинии байналмилалӣ “Tour de Tajikistan” нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2021 бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баҳори соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад", - афзудааст котиботи шаҳрдории пойтахт.
Гуфта мешавад, ҳадафи баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ ин муаррифии дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, пешниҳоди хатсайрҳои минтақавии сайёҳӣ, зебоиҳои табиати нотакрори ҷумҳурӣ маҳсуб мегардад.
Зимнан барои дар сатҳи хуб ташкил намудани мусобиқоти варзишии сатҳи байналмилалӣ дастур дода шуд, ки сохторҳои шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи тадорукотӣ созмон дода, корҳои омодагиро роҳандозӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0