https://sputnik.tj/20210618/peshgiri-qochoq-merosi-tarihi-furudgoh-hujand-1040287882.html
Пешгирӣ аз қочоқи мероси таърихӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд
Пешгирӣ аз қочоқи мероси таърихӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба сокини шаҳри Истаравшан барои содир намудани ин ҷиноят то се соли ҳабс ва ё ҷарима ба андозаи то 500 нишондиҳанда таҳдид мекунад
2021-06-18T11:57+0500
2021-06-18T11:57+0500
2021-06-18T12:20+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хуҷанд
фурудгоҳ
қочоқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_0:106:1632:1024_1920x0_80_0_0_cbd798f07d638234326358d8a78204a4.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Дар фурудгоҳи Хуҷанд аз қочоқи мероси таърихию фарҳангӣ ҷилавгирӣ шуд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, қочоқбар нияти интиқол додани тангаҳои қадимаро дошт.Номбурда нияти интиқол додани 180 адад тангаҳои қадима тариқи хатсайри Хуҷанд - Иркутск дошт, аммо аснои азназар гузаронидани бағоҷаш ӯро аз сафар боздоштанд.Дар асоси хулосаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, сиккаҳои барои ташхис пешниҳодшуда, дар ҳолати хуб қарор дошта, хусусияти барориши сиккаҳои сериявӣ мебошад.Манбаъ меафзояд, дар асоси қонунгузорӣ “Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд. Феълан нисбати боздоштшуда бо моддаи 289 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.Гуфта мешавад, ин сиккаҳо арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд.
https://sputnik.tj/20200212/Khadamoti-gumruk-mahsuloti-pastsifat-Tajikistan-kochok-meshavad--1030702953.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044741356_251:51:1632:1087_1920x0_80_0_0_ededbb4b04dfba132933286ec459e90e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фурудгоҳ, хуҷанд, қочоқ, танга
фурудгоҳ, хуҷанд, қочоқ, танга
Пешгирӣ аз қочоқи мероси таърихӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд
11:57 18.06.2021 (Навсозишуда: 12:20 18.06.2021) Ба сокини шаҳри Истаравшан барои содир намудани ин ҷиноят то се соли ҳабс ва ё ҷарима ба андозаи то 500 нишондиҳанда таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Дар фурудгоҳи Хуҷанд аз қочоқи мероси таърихию фарҳангӣ ҷилавгирӣ шуд, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, қочоқбар нияти интиқол додани тангаҳои қадимаро дошт.
"Сокини 48 - солаи шаҳри Истаравшан бо гумони қочоқ ва муомилоти ғайриқонунӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Номбурда нияти интиқол додани 180 адад тангаҳои қадима тариқи хатсайри Хуҷанд - Иркутск дошт, аммо аснои азназар гузаронидани бағоҷаш ӯро аз сафар боздоштанд.
Дар асоси хулосаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг, сиккаҳои барои ташхис пешниҳодшуда, дар ҳолати хуб қарор дошта, хусусияти барориши сиккаҳои сериявӣ мебошад.
Манбаъ меафзояд, дар асоси қонунгузорӣ “Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ” интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.
Феълан нисбати боздоштшуда бо моддаи 289 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Гуфта мешавад, ин сиккаҳо арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд.