https://sputnik.tj/20210618/nahustin-parvozi-zani-havonavard-tojikiston-1040303945.html
Ягона зани ҳавонаварди "Сомон Эйр" нахустин бор аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон парвоз кард
Ягона зани ҳавонаварди "Сомон Эйр" нахустин бор аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон парвоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Татяна Афентева ягона зани ҳавонавард дар ширкати "Сомон Эйр" мебошад
2021-06-18T18:45+0500
2021-06-18T18:45+0500
2021-06-18T18:52+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвоз
"сомон эйр"
зан
ҳавонавардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034337918_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_3891ccda99d3d4275a946200797a8864.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Ягона зан-ҳавонаварди "Сомон Эйр" Татяна Афентева рӯзи ҷумъа нахустин парвози мустақилонаи худро анҷом дод. Ин бонуи ҷасур ҳамун сарнишини дуюм дар хатсайри мунтазами Душанбе-Тошканд-Душанбе парвоз кардааст.Татяна аз ҷониби командири ҳавопаймо Шӯҳрат Раҳимов баҳои хуб гирифтааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба ширкати "Сомон Эйр".Дар бораи фаъолияти Татяна Афентева гуфта мешавад, ки ӯ аз соли 2011 корашро дар ҳавонавардӣ ба ҳайси роҳбалад оғоз намудааст.Манбаъ афзуда, ки ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Татяна соли 2020 ба сифати сарнишини дуюм пайваст ва то имрӯз парвозҳои таълимиро иҷро мекард.Татяна пас аз тай кардани роҳи душвори омӯзиш ва таҷрибаҳо феълан, сарнишини ҳирфаӣ мебошад, ки парвозҳои байналмилалиро дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 / NG анҷом медиҳад."Зимни парвози мустақилонаи худ ҳаяҷон надоштам, парвоз мисли парвозҳои таҷрибаомӯзиам хуб гузашт" – менависад манбаъ аз қавли Афентева.
https://sputnik.tj/20171116/1023909816.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/07/1034337918_347:0:3076:2047_1920x0_80_0_0_b4eefaf0edb11194c0cdcb5a7385c61b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"сомон эйр", зан-ҳавонавард, панвоз, нахустин
"сомон эйр", зан-ҳавонавард, панвоз, нахустин
Ягона зани ҳавонаварди "Сомон Эйр" нахустин бор аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон парвоз кард
18:45 18.06.2021 (Навсозишуда: 18:52 18.06.2021) Татяна Афентева ягона зани ҳавонавард дар ширкати "Сомон Эйр" мебошад
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Ягона зан-ҳавонаварди "Сомон Эйр" Татяна Афентева рӯзи ҷумъа нахустин парвози мустақилонаи худро анҷом дод.
Ин бонуи ҷасур ҳамун сарнишини дуюм дар хатсайри мунтазами Душанбе-Тошканд-Душанбе парвоз кардааст.
Татяна аз ҷониби командири ҳавопаймо Шӯҳрат Раҳимов баҳои хуб гирифтааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба ширкати "Сомон Эйр".
Дар бораи фаъолияти Татяна Афентева гуфта мешавад, ки ӯ аз соли 2011 корашро дар ҳавонавардӣ ба ҳайси роҳбалад оғоз намудааст.
Манбаъ афзуда, ки ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Татяна соли 2020 ба сифати сарнишини дуюм пайваст ва то имрӯз парвозҳои таълимиро иҷро мекард.
Татяна пас аз тай кардани роҳи душвори омӯзиш ва таҷрибаҳо феълан, сарнишини ҳирфаӣ мебошад, ки парвозҳои байналмилалиро дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 / NG анҷом медиҳад.
"Зимни парвози мустақилонаи худ ҳаяҷон надоштам, парвоз мисли парвозҳои таҷрибаомӯзиам хуб гузашт" – менависад манбаъ аз қавли Афентева.