Як ҳафтаи дигар ва босифат: шарҳи таъхири хонасупорӣ ба сокинони Исфара

© Дафтари матбуотии ҳукумат СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, дар Исфара
Раҷаббой Аҳмадзода, дар Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Масъулони Ситоди бартарафсозии паёмади муноқишаи марзӣ, сабаби ба таъхир мондани тақдими хонаҳо ба сокинон деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфараро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода, мудири шуъбаи сохтмони ҳукумати Суғд ва сардори Ситоди бартарафсозии паёмади муноқишаи марзӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бахши умдаи таъмир ва корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматӣ дар деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба иҷро расонида шуда, ҳоло корҳои пардозгарӣ ва муҷаҳҳазсозии дохили хонаҳо ҷараён дорад.
“Хонаҳои сохташаванда ба пуррагӣ таъмир карда мешаванд. Корҳо рангуборкунӣ фарш ва девори хонаҳо ҳама аз ҷониби сохтмончиҳои сафарбаршуда ба иҷро расонида мешавад. Дохили хонаҳо бо ҳама шароит аз ҷумла қолину яхдон ва дигар ҷиҳози лозим барои рӯзгор таъмин карда мешаванд. Ҳоло сохтмончиҳо ва масъулин барои барои ин корҳо машғул буда, барои бо сифати баланд ва бо ҳама шароит таъмин намудани хонаҳо, тақдими онҳо ба сокинон, як ҳафта ба таъхир гузошта шуд”, - гуфт Муҳаммадзода.
Обложка паспорта РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Мақомот ҳуҷҷатҳои сӯхтаи сокинони Исфара дар муноқишаи марзиро барқарор карданд
Қаблан масъулони Ситод дар бораи тақдими хонаҳои истиқоматӣ ба сокинони аз муноқишаи марзӣ харобгашта дар деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониён дар рӯзи 15 июн иттилоъ дода буданд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, 17 июн аснои сафари кориаш ба шаҳри Исфара ба деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониён рафта, барои вусъат додани раванди корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур додааст.
Бино ба иттилоъи Маъруф Муҳаммадзода, дар умум барои таъмир ва азнавсозии ҳудуди 40 манзил дар деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ҷараён дорад.
“Аз ин шумора беш аз 16 манзил сар аз таҳкурсӣ ба пуррагӣ нав карда шуда, боқимонда, ки қисман хароб шудаанд таъмир карда мешавад. Барои иҷрои ин корҳо ҳудуди 180 сохтмончӣ ба ҳисоби сокинони маҳаллӣ ҷалб шудаанд”, - гуфт Муҳаммадзода.
Роҳбари Ситоди бартарафсозии оқибатҳои муноқишаи марзӣ дар Суғд, афзуд қарор аст, ҳафтаи оянд рӯзи 25 июн, хонаҳо ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ тақдим шавад. Қарор аст он рӯз барои иштирок дар чунин маросим Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд ба деҳоти наздимарзии Исфара сафар намояд.
Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Об, хонасозӣ ва чарогоҳ: се масъалае, ки раисони Суғду Бодканд баррасӣ карданд
Масъулини ҳукумат мегӯянд, дар пайи рухдоди муноқишаи марзӣ бо қирғизҳо дар умум манзили истиқоматии 27 оила дар деҳоти Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара тахриб шудаанд. Баъзе аз ин хонаҳо қисман хароб шуда, қисмати дигар аз оташи тир ба пуррагӣ сӯхтаанд.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ мунтазам рух медиҳанд. Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваста буд. Бори ахир вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
“Асрори баҳсҳои марзӣ. Ворух”: 47 соли ҳаводис аз “А” то “Я”
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Аммо ахиран ҷониби Қирғизистон тамоми ҳаракатро тавассути қаламраваш барои шаҳрвандони Тоҷикистон пурра ба муҳлати номуайян қатъ кардааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0