https://sputnik.tj/20210617/najot-kudaki-bahr-hushdori-khf-volidon-1040272240.html
Наҷоти кӯдаки 11-сола дар “Баҳри Тоҷик” ва ҳушдори КҲФ ба волидони бепарво
Наҷоти кӯдаки 11-сола дар “Баҳри Тоҷик” ва ҳушдори КҲФ ба волидони бепарво
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотбахшон як духтари 11-солаи дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаро аз “Баҳри тоҷик” берун оварданд
2021-06-17T16:25+0500
2021-06-17T16:25+0500
2021-06-17T17:00+0500
кҳф
ғарқ
наҷот додан
"баҳри тоҷик"
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/91/1022639137_0:131:2500:1537_1920x0_80_0_0_dcc840323bd80d87cf066c43c724c6f9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд духтараки 11-солаи ғарқшударо аз “Баҳри тоҷик” берун оварданд.Бино ба гузориши котиботи ин ниҳод, ҳодиса як рӯз пеш, 16 июн дар қаламрави шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар пайи беназоратии волидон рух додааст.Ба иттилои манбаъ, сокини 9-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар рӯди Сир дар маконе шиноварӣ намуд, ки оббозӣ дар он ҷо комилан манъ аст.Наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, ки дар наздикии ҳамон мавзеъ навбатдорӣ мекарданд, сари вақту басо оҷил худро ба ҷойи ҳодиса расонда, кӯдаки аз марг наҷот доданд.Кумитаи аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳаргиз дар ҷойҳои барои оббозӣ мамнӯъ шиноварӣ накунанд.Падарону модарон ҷиддан ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд ва онҳоро ҳатто як лаҳза беназорат нагузоранд, афзудааст манбаъ.Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати наҷоти кӯдакон набуда, қаблан Кумита аз чанд ҳодисаи ҳамсон хабар дода, ишора карда буд, ки аз беназоратии волидон сар задааст.
https://sputnik.tj/20210616/javon-sughd-gharqshavi-najot-1040250768.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/91/1022639137_140:0:2361:1666_1920x0_80_0_0_97b6b235d586bbffe0af3308b4b0ad06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наҷот кӯдак “баҳри тоҷик” ҳушдор кҳф волидон бепарво
наҷот кӯдак “баҳри тоҷик” ҳушдор кҳф волидон бепарво
Наҷоти кӯдаки 11-сола дар “Баҳри Тоҷик” ва ҳушдори КҲФ ба волидони бепарво
16:25 17.06.2021 (Навсозишуда: 17:00 17.06.2021) Наҷотбахшон як духтари 11-солаи дар ҳолиғарқшавӣ қарордоштаро аз “Баҳри тоҷик” берун оварданд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд духтараки 11-солаи ғарқшударо аз “Баҳри тоҷик” берун оварданд.
Бино ба гузориши котиботи ин ниҳод, ҳодиса як рӯз пеш, 16 июн дар қаламрави шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар пайи беназоратии волидон рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, сокини 9-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар рӯди Сир дар маконе шиноварӣ намуд, ки оббозӣ дар он ҷо комилан манъ аст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, ки дар наздикии ҳамон мавзеъ навбатдорӣ мекарданд, сари вақту басо оҷил худро ба ҷойи ҳодиса расонда, кӯдаки аз марг наҷот доданд.
Кумитаи аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳаргиз дар ҷойҳои барои оббозӣ мамнӯъ шиноварӣ накунанд.
Падарону модарон ҷиддан ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд ва онҳоро ҳатто як лаҳза беназорат нагузоранд, афзудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати наҷоти кӯдакон набуда, қаблан Кумита аз чанд ҳодисаи ҳамсон хабар дода, ишора карда буд, ки аз беназоратии волидон сар задааст.