https://sputnik.tj/20210616/uzbekiston-namoyanda-hokimiyat-fleshka-dastgoh-sabt-1040241583.html
Дар Ӯзбекистон намояндаи ҳокимият "флешка" - и дастгоҳи сабти журналистро фурӯ бурд
Дар Ӯзбекистон намояндаи ҳокимият "флешка" - и дастгоҳи сабти журналистро фурӯ бурд
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзноманигорон барои сабт намудани ҳодисаи сӯхтор дар бозори деҳқони вилояти Самарқанд омаданд, аммо намояндагони ҳокимият ба кори онҳо монеа эҷод мекарданд
2021-06-16T15:05+0500
2021-06-16T15:05+0500
2021-06-16T15:29+0500
иҷтимоъ
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101853/77/1018537704_0:3:2368:1335_1920x0_80_0_0_6685f003a0c1635a365d990156c758fd.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар вилояти Самарқанд як ҳодисаи ғайриоддӣ рух дод. Корманди хадамоти матбуоти ҳукумати ноҳияи Иштихон ба кори наворбардорони шабакаи телевизиони маҳаллӣ халал расонд. Аммо хабарнигор кори худро идома медод. Дар натиҷа намояндаи хадамоти иттилоотӣ бо як ҳаракати тез корти хотира (флешка) - и дастгоҳи сабтро бароварда онро зуд ба даҳон андохту фурӯ бурд.Хокистар ва муҳиммоти ҷангӣ: рӯзноманигори тоҷик пайомади низоъ дар марзро нишон додИн ҳодисаи аҷибро роҳбари Шӯрои парасторони Фонди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди васоити ахбори оммаи миллӣ Комил Алламҷонов шарҳ дод.Вай қайд кард, ки чунин кормандон бояд аз ташхиси равоншинос гузаранд ва алайҳи бемории девонагӣ эм карда шаванд. Баъдтар, хадамоти матбуоти минтақаи Иштихон ба ин ҳодиса вокуниш нишон дод"Дар маҷмӯъ, як нофаҳмие сар задааст", - гуфт роҳбари хадамоти матбуоти ҳокимият. Ҳамзамон, шӯъба итминон дод, ки вазъияти рух дода ҳатман тафтиш мешавад.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101853/77/1018537704_294:0:2075:1336_1920x0_80_0_0_35716cbded9cea34e75571ddf66aba4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабти навор, рӯзноманигор, фурӯ бурдани флешка
сабти навор, рӯзноманигор, фурӯ бурдани флешка
Дар Ӯзбекистон намояндаи ҳокимият "флешка" - и дастгоҳи сабти журналистро фурӯ бурд
15:05 16.06.2021 (Навсозишуда: 15:29 16.06.2021) Рӯзноманигорон барои сабт намудани ҳодисаи сӯхтор дар бозори деҳқони вилояти Самарқанд омаданд, аммо намояндагони ҳокимият ба кори онҳо монеа эҷод мекарданд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар вилояти Самарқанд як ҳодисаи ғайриоддӣ рух дод. Корманди хадамоти матбуоти ҳукумати ноҳияи Иштихон ба кори наворбардорони шабакаи телевизиони маҳаллӣ халал расонд. Аммо хабарнигор кори худро идома медод.
Дар натиҷа намояндаи хадамоти иттилоотӣ бо як ҳаракати тез корти хотира (флешка) - и дастгоҳи сабтро бароварда онро зуд ба даҳон андохту фурӯ бурд.
Ин ҳодисаи аҷибро роҳбари Шӯрои парасторони Фонди ҷамъиятии дастгирӣ ва рушди васоити ахбори оммаи миллӣ Комил Алламҷонов шарҳ дод.
Вай қайд кард, ки чунин кормандон бояд аз ташхиси равоншинос гузаранд ва алайҳи бемории девонагӣ эм карда шаванд.
"Хеле ҷолиб аст, ки барои корманди як муассисаи давлатӣ, ки флешкаи операторро хӯрдааст, тибқи қонун чӣ ҷазо муқаррар шудааст? Эҳтимол ин аст садоқати саг назди пешвояш. Чӣ қадаре ки инсон бештар зиндагӣ кунад, ҳамон қадар чизҳои зиёди аҷибро мебинад", - шарҳ додааст Алламҷонов.
Баъдтар, хадамоти матбуоти минтақаи Иштихон ба ин ҳодиса вокуниш нишон дод
"Дар маҷмӯъ, як нофаҳмие сар задааст", - гуфт роҳбари хадамоти матбуоти ҳокимият.
Ҳамзамон, шӯъба итминон дод, ки вазъияти рух дода ҳатман тафтиш мешавад.