https://sputnik.tj/20210616/prezident-danghara-korhona-istehsol-ravghan-1040231085.html
Президент дар Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ кард
Президент дар Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин корхона 25 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд
2021-06-16T09:00+0500
2021-06-16T09:00+0500
2021-06-16T10:07+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
ифтитоҳ
коргоҳ
истеҳсол
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/33/1031323381_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_204c17b70231167c987bc95e3c30bb53.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ”-ро ба истифода дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.Бино бар иттилои манбаъ, иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин бунёд карда шудааст.Иқтидори лоиҳавии корхонаи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз коркарди 25 тонна ашёи хом ва омода намудани 3,5 тонна равған мебошад.Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ” 25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд.Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бастубанд иборат буда, равғани растанӣ дар зарфҳои пластикии 1, 2, 3 ва 5 литра ҷой карда мешавад.Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ашёи хом барои истеҳсоли равғани ҷавобгӯи талабот дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас карда мешавад.Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои бонуфузи Русия ва Чин ворид карда шудааст.Ӯзбекистон воридоти равғанро аз андоз муваққатан озод кард: пешгирӣ аз гароншавӣБа президент иттилоъ дода шуд, ки равғани дар корхона истеҳсолшуда дорои сифати баланд буда, бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир мебошад..
https://sputnik.tj/20210426/sabotazh-narhi-ravghan-khest-tahqiq-omor-1039058705.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/33/1031323381_9:0:1826:1363_1920x0_80_0_0_71f9d2757defd863d2888af311b7dcf1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
данғара, коргоҳ, истеҳсоли равған, президент
данғара, коргоҳ, истеҳсоли равған, президент
Президент дар Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ кард
09:00 16.06.2021 (Навсозишуда: 10:07 16.06.2021) Дар ин корхона 25 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ”-ро ба истифода дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Бино бар иттилои манбаъ, иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Файзализода Сайфиддин бунёд карда шудааст.
Иқтидори лоиҳавии корхонаи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз коркарди 25 тонна ашёи хом ва омода намудани 3,5 тонна равған мебошад.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи Алӣ” 25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бастубанд иборат буда, равғани растанӣ дар зарфҳои пластикии 1, 2, 3 ва 5 литра ҷой карда мешавад.
"Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис дода шуда, дар он аз зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад", - меафзояд дафтари матбуоти президент.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда ашёи хом барои истеҳсоли равғани ҷавобгӯи талабот дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас карда мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои бонуфузи Русия ва Чин ворид карда шудааст.
Ба президент иттилоъ дода шуд, ки равғани дар корхона истеҳсолшуда дорои сифати баланд буда, бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир мебошад..