"Ҳамла" - и хабарнигорони Амрико ба Лавров - навор

© POOL / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Хабарнигорони Ғарб бо дидани вазири умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров ӯро хостанд иҳота кунанду суолборон намоянд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ барои ҳузур дар нишасти Русия ва ИМА вориди Женева шуд.
Ҳамин ки ӯ аз мошин фаромад, рӯзноманигорон хостанд ӯро гирд намуда суолҳои зиёд пешниҳодаш намоянд.
Аммо дар байни доду фарёди ВАО-и Амрико, дипломат оромона ба бинои Вилла Ла Гранж, ки дар шафати кӯли Женева ҷойгир аст, ворид шуд. Лавров ҳатто гардиш накард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июн дар Женева мулоқоти роҳбарони Русия ва Амрико Владимир Путин ва Ҷо Байден баргузор мешавад.
Путин барои музокироти таърихӣ бо Байден вориди Женева шуд
Владимир Путин ва Ҷо Байден ният доранд, ки як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳоеро, ки ҳарду кишвар ба онҳо таваҷҷӯҳ доранд, баррасӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0