https://sputnik.tj/20210616/gholibon-ozmun-khabarnigor-akkosi-stenin-elon-1042409726.html
Эътирозҳо ва пандемия: ғолибони озмуни хабарнигорони аксгир ба номи Стенин эълон шуда
Эътирозҳо ва пандемия: ғолибони озмуни хабарнигорони аксгир ба номи Стенин эълон шуда
Sputnik Тоҷикистон
Ба озмуни хотираи рӯзноманигори суратгир Андрей Стенин зиёда аз чор ҳазор асар аз 70 кишвари дунё фиристода шуд 16.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-16T18:04+0500
2021-06-16T18:04+0500
2021-09-21T17:23+0500
акс
андрей стенин
озмун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
Намояндагони 17 кишвар барандагони озмуни суратгирони ҷавон ба хотираи Андрей Стенин шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии озмуни эҷодӣ хабар медиҳад. Ҳамин тариқ, ба рӯйхати кӯтоҳ аксҳои суратгирони Чин, Британияи Кабир, Олмон, Испания, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Туркия ва дигар кишварҳо дохил карда шудаанд. Мавзӯи асосии асарҳои иштирокчиёни озмун рӯйдодҳои муҳиме буданд, ки чанде қабл дар сартосари ҷаҳон рух доданд ва дар сархати расонаҳо қарор гирифтанд.Дар байни аксҳо, расмҳои равшани эътирозҳо дар Миннеаполис, оқибатҳои пандемия аз коронавирус, ҳамлаҳои малах дар Африқо ва Осиё, инчунин офати экологиро метавон дид. Дар маҷмӯъ, созмондиҳандагони озмун беш аз чор ҳазор асарро аз 70 кишвари дунё баррасӣ кардаанд. Номи ғолибон ва ҷоизадорон моҳи сентябр эълон карда мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, фото, андрей стенин, озмун
акс, фото, андрей стенин, озмун
Эътирозҳо ва пандемия: ғолибони озмуни хабарнигорони аксгир ба номи Стенин эълон шуда
18:04 16.06.2021 (Навсозишуда: 17:23 21.09.2021) Ба озмуни хотираи рӯзноманигори суратгир Андрей Стенин зиёда аз чор ҳазор асар аз 70 кишвари дунё фиристода шуд
Намояндагони 17 кишвар барандагони озмуни суратгирони ҷавон ба хотираи Андрей Стенин шуданд. Дар ин бора
сомонаи расмии озмуни эҷодӣ хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, ба рӯйхати кӯтоҳ аксҳои суратгирони Чин, Британияи Кабир, Олмон, Испания, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Туркия ва дигар кишварҳо дохил карда шудаанд.
Мавзӯи асосии асарҳои иштирокчиёни озмун рӯйдодҳои муҳиме буданд, ки чанде қабл дар сартосари ҷаҳон рух доданд ва дар сархати расонаҳо қарор гирифтанд.
Дар байни аксҳо, расмҳои равшани эътирозҳо дар Миннеаполис, оқибатҳои пандемия аз коронавирус, ҳамлаҳои малах дар Африқо ва Осиё, инчунин офати экологиро метавон дид. Дар маҷмӯъ, созмондиҳандагони озмун беш аз чор ҳазор асарро аз 70 кишвари дунё баррасӣ кардаанд. Номи ғолибон ва ҷоизадорон моҳи сентябр эълон карда мешавад.
Саксофонист Мария Елена, қурбонии кӯшиши феминисиди кислота. Элипе Махе, Мексика.
Бесарусомонӣ дар ҷазираи Лесбоси Юнон пас аз куштори як гурезаи 20-сола. Аггелос Барай, Юнон.
Эътирозгарон бар зидди бераҳмии полис ва нажодпарастӣ дар Монреали Канада. Омид Ваҳобзода, Канада.
"Аз даст додани назорат бар Мексика". Луис Антонио Рохас, Мексика.

Кӯдаке дар маркази таърихии Сакатекаса, дар зодрӯзи худ мегиряд. Идомаи мавод аз бахши "Аз даст додани назорат бар Мексика". Луис Антонио Рохас, Мексика.
"Раскол". Чандан Ханна, Ҳиндустон.
"Симои замони мо". Сергей Бобилев, Русия
Шиновари туркӣ Нил Сахин. Себнем Коскун, Туркия.
"Чашмҳои базеб". Муҳаммад Амдад Ҳусейн, Бангладеш.
"Дар майдон ҳама чиз имконпазир аст". Кристина Бражникова, Русия.
"Лижаронӣ дар баҳор". Чан сюй, Чин.
"Макони қувва". Артем Оноприенко, Русия.
"Вақти шиноварӣ расид". Абдул Момин, Бангладеш.
Пармачиёни чинӣ дар баҳри Чину Ҷанубӣ. Сяосюй Пу, Хитой.
Ҳамлаи малах ба қисмати шарқии Африқо. Луис Тато, Испания.