Чор гол нарасид: Тоҷикистон аз сабқат барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳон канор монд

© ФФТ РТНациональная сборная Таджикистана по Футболу, архивное фото
Национальная сборная Таджикистана по Футболу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои тими мунтахаби кишвар чор гол нарасид, то муборизаро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳон - 2022 идома диҳад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи футбол иштирокашро дар мусобиқаи интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом дод. Барои баромадан ба марҳилаи сеюми интихобии Ҷоми Ҷаҳон -2022 ва роҳхати мустақим ба Ҷоми Осиё-2023 ба тими миллии Тоҷикистон 4 гол нарасид, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, дар қораи Осиё марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобӣ ба Ҷоми Ҷаҳон-2022 ба анҷом расид. Дар натиҷа 12 дастае, ки барои чор роҳхат ба ҶҶ-2022 муборизаро идома медиҳанд, муайян шуданд.
Ба иттилои Кумита, мунтахабҳои Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, АМА ва Кореяи Ҷанубӣ дар гурӯҳҳояшон ҷои аввалро сазовор шуда, ба даври дигар баромаданд. Инчунин 5 дастаи беҳтарин ҷои дуюми гурӯҳҳо ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд, ки ба ин қатор Уммон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон шомил шуданд.
Венгрия – Португалия. Гол Криштиану Роналду. ЕВРО-2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Голи Роналду дарвозабонро аз пой афтонд - навор
Тими миллии Тоҷикистон ҳамон қадар хол дошт, ки Лубнон дорад, вале аз ҳисоби фарқияти тӯбҳо лубнониҳо ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа, тими мунтахаби Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо 6-ум шуд, тавзеҳ дод манбаъ.
Ин ниҳод илова намуд, ки акнун тими миллии кишвар иштирокашро дар марҳилаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё -2023, ки моҳи феврали соли 2022 шуруъ мешавад, идома медиҳад. Қаблан ҳеҷ вақт тими миллии Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё роҳхат нагирифтааст.
Голи Роналду дарвозабонро аз пой афтонд - навор
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҷамъбастии марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2022 дар гурӯҳи “F” 15 июн ба дарвозаи Мянма 4 голи беҷавоб зада, дар гурӯҳ ҷои дуюмро сазовор гардид. Голҳоро Комрон Турсунов, Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев ба номашон сабт карданд.
Дар бозии дигари гурӯҳӣ Ҷопон тими Қирғизистонро бо ҳисоби 5:1 шикаст дод.
Лентаи хабарҳо
0