Путин мӯҳлати будубоши муваққатии муҳоҷиронро дар Русия тамдид кард

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Обуна шудан
Фармони кишвардори Русия Владимир Путинро котиботи Кремл нашр намуд ва он сар аз 16 июн ба ҳукми қонунӣ даромад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин фармонро дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ба имзо расонид.
Фармони кишвардори Русия Владимир Путинро котиботи Кремл нашр намуд ва он сар аз 16 июн ба ҳукми қонунӣ даромад.
Тибқи фармон, аз 16 июн то 90 рӯз аз лағви маҳдудиятҳои муваққатӣ бо дигар давлатҳо боздошта мешаванд:
мӯҳлати будубоши муваққатии шахсоне, ки шаҳрвандии давлати хориҷӣ доранд ё иҷозат барои истиқомат ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истиқомати доимӣ дар қаламрави Русия доранд. Инчунин мӯҳлати амали раводид ва кортҳои муҳоҷират;
мӯҳлати амали шаҳодатномаҳои иштирокчии Барномаи давлатии мусоидат ба муҳоҷирати ихтиёрӣ;
мӯҳлати амали иҷозатномаҳо барои иқомати муваққатӣ дар Русия ва иҷозат барои истиқомат.
Шаҳрвандони хориҷӣ, агар қонунро вайрон накарда бошанд, аз Русия хориҷ карда намешаванд.
Инчунин аниқ карда шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки то 15 марти соли 2020 ба Федератсияи Русия омадаанд ва то 16 июни соли 2021, барои истиқомат дар қаламрави кишвар асос надоранд, метавонанд ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ бораи танзими вазъи ҳуқуқии худ муроҷиат намоянд.
Коженов Вадим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2021
Фармони нав мешавад: Коженов дар бораи муҳоҷират баъди 15 июн
Инчунин, тибқи фармон, муҳоҷирон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо метавонанд бидуни назардошти талабот барои ҳадафи изҳоршудаи ба кор машғул шаванд. Ҳамзамон, хориҷиён аз кишварҳои дорои низоми бидуни раводид метавонанд бидуни назардошти талабот барои мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои ба қайд гирифтани он патент гиранд ё онро тамдид кунанд.
Илова бар ин, муайян гардид, ки хориҷиён метавонанд то ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, патент ва ё иҷозатномаи кор, ки дар давраи пандемия онро гирифта буданд, ба кори худ идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0