https://sputnik.tj/20210615/ozhonsi-ziddi-fasod-mansabdor-porahur-1040216723.html
Ожонсии зидди фасод мансабдори порахӯрро боздошт кард
Ожонсии зидди фасод мансабдори порахӯрро боздошт кард
Sputnik Тоҷикистон
Феълан нисбати боздоштшуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в, г" Кодекси ҷиноятӣ парванда кушода шудааст
2021-06-15T13:08+0500
2021-06-15T13:08+0500
2021-06-15T13:13+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
рӯдакӣ
оҷонсии зидди фасод
пора
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/82/1029398239_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_8e00ade89641b2494dc0b69802e2feb1.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ожонсии зидди фасод аз боздошти мутахассиси шӯъбаи заминсозии № 1 КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, Ҳотамов Ш. Г. барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.Манбаъ меафзояд, ба Ҳотамов як сокини маҳаллӣ барои омода кардани шиносномаи техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматӣ муроҷиат намудааст, ки дар натиҷа ин мансабдор аз ӯ 5300 сомонӣ мукофотпулӣ талаб намуд.Гуфта мешавад, боздоштшуда дар аввали кор аз сокини маҳаллӣ 1300 сомонӣ гирифт ва ҳар чӣ тезтар овардани 4000 сомонии дигарро талаб намуд.Кормандони Ожонс ҳинни гирифтани боз 4000 сомонии дигар Ҳотамовро боздошт намуданд.Ҳоло нисбати ин мақомдор бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ба суд ирсол гардидааст.То нашри ин мавод, назари ҷониби айбдоршаванда рушан нест.
https://sputnik.tj/20210402/pora-ozod-khizmat-harbi-1033120613.html
рӯдакӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102939/82/1029398239_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_aad32878b83757e191253d6e9f14ffd8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ожонсии зидди фасод, рӯдакӣ, боздошт
ожонсии зидди фасод, рӯдакӣ, боздошт
Ожонсии зидди фасод мансабдори порахӯрро боздошт кард
13:08 15.06.2021 (Навсозишуда: 13:13 15.06.2021) Феълан нисбат ба боздоштшуда бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои "в, г" Кодекси ҷиноятӣ парванда кушода шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ожонсии зидди фасод аз боздошти мутахассиси шӯъбаи заминсозии № 1 КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Ҳотамов Ш. Г. барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ муттаҳам дониста мешавад.
"Номбурда дар давраи фаъолиятӣ корӣ аз як корафтода 5 300 сомонӣ пора талаб намудааст", - омадааст дар хабари манбаъ.
Манбаъ меафзояд, ба Ҳотамов як сокини маҳаллӣ барои омода кардани шиносномаи техникӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии манзили истиқоматӣ муроҷиат намудааст, ки дар натиҷа ин мансабдор аз ӯ 5300 сомонӣ мукофотпулӣ талаб намуд.
Гуфта мешавад, боздоштшуда дар аввали кор аз сокини маҳаллӣ 1300 сомонӣ гирифт ва ҳар чӣ тезтар овардани 4000 сомонии дигарро талаб намуд.
Кормандони Ожонс ҳинни гирифтани боз 4000 сомонии дигар Ҳотамовро боздошт намуданд.
Ҳоло нисбати ин мақомдор бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ба суд ирсол гардидааст.
То нашри ин мавод, назари ҷониби айбдоршаванда рушан нест.