https://sputnik.tj/20210615/deport-man-afv-sentyabr-kozhenov-farmon-putinro-sharh-video-1040230678.html
Депорт манъ, “афв” то сентябр, тамдид то июн: шарҳи ҷузъиёти фармони нави Путин - видео
Депорт манъ, “афв” то сентябр, тамдид то июн: шарҳи ҷузъиёти фармони нави Путин - видео
Sputnik Тоҷикистон
Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия, фармони раисиҷумҳур, Владимир Путинро дар мавриди муҳоҷирон шарҳ дод
2021-06-15T22:25+0500
2021-06-15T22:25+0500
2021-06-15T22:26+0500
видео
муҳоҷират
фармон
путин
афв
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040230641_29:0:735:397_1920x0_80_0_0_b296b37ff7451076320f64f7e39bd8cf.jpg
Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия мегӯяд, бар асоси фармони ҷадид, имтиёзҳои пешина барои шаҳрвандони кишварҳое, ки омадурафт бо онҳо барқарор шудааст, то 90 рӯз баъди оғози омадурафт тамдид шудаанд. Ӯ шарҳ дод, баъди 90 рӯз аз оғози омадурафт, ин фармон дигар кор намекунад. Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия 1 апрел оғоз шуда буданд ва бармеояд, ҳамаи имтиёзҳои қаблӣ то охири июн тамдид гардидаанд. Яъне ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки то 15 марти соли 2020 қонунӣ буданд, то охири июн амал хоҳанд кард. Дар мавриди онҳое, ки солҳо ҳузурашон дар Русия ғайриқонунӣ будааст, дар фармони ҷадиди Путин имкон дода шудааст, ки бидуни депорту манъи вуруд будубошро қонунӣ кунанд. Коженов шарҳ дод, ки то 30 сентябр мақомот ҳаққи ихроҷ ва манъ кардани вуруд ба Русияро надоранд. Муҳоҷироне, ки солҳо ҳузурашонро қонунӣ накардаанд, беш аз се моҳ доранд, ки ба мақомоти муҳоҷират муроҷиат кунанду бо пардохти ҷарима ҳузурашонро қонунӣ кунанд. Депорт таҳдид намекунад, таъкид намуд президенти Федератсия. Ӯ афзуд, инчунин онҳое, ки дар варақаи муҳоҷираташон ҳадаф кор нишон дода нашудааст, то охири соли 2021 метавонанд барои патент муроҷиат кунанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0f/1040230641_117:0:646:397_1920x0_80_0_0_6af618505bd8c4098f40ec56331532b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, фармон, ҷузъиёт, осон, сода
путин, фармон, ҷузъиёт, осон, сода
Депорт манъ, “афв” то сентябр, тамдид то июн: шарҳи ҷузъиёти фармони нави Путин - видео
22:25 15.06.2021 (Навсозишуда: 22:26 15.06.2021) Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия, фармони раисиҷумҳур, Владимир Путинро дар мавриди муҳоҷирон шарҳ дод
Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия мегӯяд, бар асоси фармони ҷадид, имтиёзҳои пешина барои шаҳрвандони кишварҳое, ки омадурафт бо онҳо барқарор шудааст, то 90 рӯз баъди оғози омадурафт тамдид шудаанд.
Ӯ шарҳ дод, баъди 90 рӯз аз оғози омадурафт, ин фармон дигар кор намекунад. Парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия 1 апрел оғоз шуда буданд ва бармеояд, ҳамаи имтиёзҳои қаблӣ то охири июн тамдид гардидаанд. Яъне ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки то 15 марти соли 2020 қонунӣ буданд, то охири июн амал хоҳанд кард.
Дар мавриди онҳое, ки солҳо ҳузурашон дар Русия ғайриқонунӣ будааст, дар фармони ҷадиди Путин имкон дода шудааст, ки бидуни депорту манъи вуруд будубошро қонунӣ кунанд.
Коженов шарҳ дод, ки то 30 сентябр мақомот ҳаққи ихроҷ ва манъ кардани вуруд ба Русияро надоранд. Муҳоҷироне, ки солҳо ҳузурашонро қонунӣ накардаанд, беш аз се моҳ доранд, ки ба мақомоти муҳоҷират муроҷиат кунанду бо пардохти ҷарима ҳузурашонро қонунӣ кунанд. Депорт таҳдид намекунад, таъкид намуд президенти Федератсия.
Ӯ афзуд, инчунин онҳое, ки дар варақаи муҳоҷираташон ҳадаф кор нишон дода нашудааст, то охири соли 2021 метавонанд барои патент муроҷиат кунанд.